Оғози қатъи фаъолияти телефонҳои ҳушманде, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд

Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефонҳои ҳушманд ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд, оғоз гардид. Дастгоҳҳое, ки идентификатори байналмилалии онҳо (IMEI) ба махзани маълумот   дохил нашудааст, аз ҷониби оператори низоми давлатӣ – ширкати ваколатдори “Нет  Солюшенс” хомӯш карда мешавад. Дар ин бораи АМИТ “Ховар” хабар дода, менависад, ки дар Тоҷикистон қарори […]

Дар Тоҷикистон манъи истифодаи телефонҳои ҳушманд ё гаҷетҳое, ки дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд гирифта нашудаанд, оғоз гардид. Дастгоҳҳое, ки идентификатори байналмилалии онҳо (IMEI) ба махзани маълумот   дохил нашудааст, аз ҷониби оператори низоми давлатӣ – ширкати ваколатдори “Нет  Солюшенс” хомӯш карда мешавад.

Дар ин бораи АМИТ “Ховар” хабар дода, менависад, ки дар Тоҷикистон қарори ҳукумат ба амал баромад, ки дар асоси он соҳибони телефонҳои “ғайриқонунӣ”, яъне онҳое, ки телефонҳои ҳушманд ё гаҷетҳои дигари худро дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI ба қайд нагузоштаанд, аз хизматрасонии  алоқа истифода бурда наметавонанд.

Бояд гуфт, ки аллакай қариб шаш моҳ мешавад, ки қарори қайди ҳатмии телефонҳои ҳушманд ё дигар гаҷетҳо дар махзани ягонаи рамзҳои IMEI содир шудааст ва тавассути ирсоли паёмак аз сокинон даъват мешавад, ки дастгоҳҳои худро дар қайд гузоранд.

Таъкид мешавад, ки “мақсади  тадбирҳои андешидаи ҳукумати ҷумҳурӣ – мубориза бар зидди  қочоқ ва дуздии гаҷетҳое мебошад, ки аз симкорт истифода менамоянд”.

Бо зикри таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон дар ин самт, таъкид мешавад, ки қайди гаҷетҳо дар махзанҳои  ягонаи рамзҳои  IMEI ҳолатҳои дуздии таҷҳизотро кам кардааст.

“Акнун, агар шумо телефон ё планшетатонро гум кунед, ба шумо танҳо лозим аст, ки IMEI-ро ба рӯйхати сиёҳ гузаронед  ва  система дастрасии дастгоҳро ба шабакаҳои мобилӣ  ғайрифаъол месозад. Дар ин сурат дуздии таҷҳизот комилан бефоида аст. Телефонҳои қалбакии “ғайриқонунӣ”, ки ба стандартҳои бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд, бо ҳамин роҳ қатъ мешаванд”, – менависад ин расона.

Дар идома шарҳи ширкати МегаФон Тоҷикистон оид ба ҳифзи худ аз мушкилоти эҳтимолӣ бо гаҷетҳои нав нашр гардидааст.

Мутахассисони ин ширкат шарҳ додаанд, ки барои хомӯш нашудани телефон ҳангоми харидани он бояд тафтиш гардад, ки оё IMEI-и он дар махзани ягонаи миллӣ сабт шудааст ё на.

“Инро тавассути рақамчинии  дархости *3366# дар дастгоҳ ё  бо воридкунии  IMEI-и он дар саҳифаи асосии сомонаи www.imei.tj анҷом додан мумкин аст. Шумо метавонед аз ҳама гуна телефон, масалан, аз дастгоҳи кӯҳнаи худ бисанҷед. Барои ин лозим аст, ки IMEI-и матлуби худро  бе фосила ба комбинатсияи *3366* илова намоед ва аломати #-ро дар охири он гузоред (комбинатсияи  намуди *3366*IMEI# ҳосил мешавад). Агар  идентификатор дар система мавҷуд набошад, пас  беҳтар аст, ки чунин дастгоҳро нахаред”, – навиштааст ин расона.

Ҳамчунин, метавон IMEI-и дастгоҳро тариқи рақамчинии  USSD дархости *#06# ё бо дидани рамз дар қуттие, ки гаҷет харида шудааст, пайдо намуд.

Агар шаҳрванди Тоҷикистон аз мамлакати дигар телефон харида бошад, он гоҳ ду роҳ имконпазир аст:

– пас аз вуруд ба кишвар бо пур намудани эъломияи  мусофирии  шакли Т-6 дар дидбонгоҳи  гумрукӣ телефони худро ба расмияти гумрукӣ  дарорад.

–  IMEI-ро  пулакӣ давоми 30 рӯз аз лаҳзаи бозгашт ба қайд гирад.

Агар  ин амалҳо иҷро нашаванд, муштарӣ ҳангоми пайвастшавии аввалин ба шабакаҳои операторони мобилӣ  SMS – огоҳӣ қабул  менамояд. Паёмаки дуюм дар бораи зарурати воридкунии IMEI ба система  рӯзи 25-ум меояд. Ва пас аз 30 рӯз дастгоҳ аз ҷониби ширкати “Нет Солюшенс”, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 ваколатдор шудааст, қатъ карда мешавад.

Шаҳрванди хориҷие, ки дар Тоҷикистон қарор дорад, бояд ҳамин муҳлатҳоро риоя намояд. Агар дастгоҳи мобилии ӯ дар роуминги байналмилалӣ фаъол бошад, ба ӯ воридкунии IMEI ба системаи давлатӣ зарур нест. Вале, ҳангоми истифодаи алоқаи мобилии маҳаллӣ бе қайди  рамзи IMEI телефонро на бештар аз 30 рӯз истифода бурдан мумкин аст.

Таъкид мегардад, ки агар телефон бо сабаби набудани IMEI дар системаи давлатӣ қатъ гардида  бошад, дар ин сурат  бояд ба ширкати “Нет  Солюшенс”  муроҷиат намуд.

Дар охир даъват шудааст, ки дастгоҳро танҳо бо  IMEI-рамзҳои дар рӯйхати “сафед”  ба қайд гирифташуда интихоб намоед, то ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ буда,  дар алоқа бимонед!

IMEI- “International Mobile Equipment Identifier” – индентификатори байналмилалии таҷҳизоти мобилӣ буда, аз 15 рақам ё рамз иборат аст, ки маъмулан дар пушти телефон, дар зери батарея ё дар менюи танзимоти телефон пайдо мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.