Дар Душанбе ба зудӣ “Tarona Music Award” баргузор мешавад

Моҳи декабр чун анъана чорабинии бошукӯҳ – маросими тақдими ҷоизаи “Tarona Music Award”-и Радиои “Азия-Плюс” баргузор мешавад. Дар ин маросим на танҳо устодони шинохтаи эстрадаи тоҷик, балки овозхонҳои ҷавони кишвар низ ширкат хоҳанд кард. Соли гузашта дар ин маросим Зулайҳо Маҳмадшоева, Мадина Ақназарова, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов, Ёсамин Давлатова, гурӯҳи “Авесто” ва дигарон […]

Asia-Plus

Моҳи декабр чун анъана чорабинии бошукӯҳ – маросими тақдими ҷоизаи “Tarona Music Award”-и Радиои “Азия-Плюс” баргузор мешавад.

Дар ин маросим на танҳо устодони шинохтаи эстрадаи тоҷик, балки овозхонҳои ҷавони кишвар низ ширкат хоҳанд кард.

Соли гузашта дар ин маросим Зулайҳо Маҳмадшоева, Мадина Ақназарова, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов, Ёсамин Давлатова, гурӯҳи “Авесто” ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд.

Имсол меҳмонони “Tarona Music Award”-ро намоиши ҷолибтар интизор аст.

“Tarona Music Award” идомаи ҷоизаи мусиқии “Суруди сол” аст, ки тавассути радиои “Азия-Плюс” ба ифтихори 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дубора эҳё шуд.

“Суруди сол” бори аввал моҳи майи соли 2003 дар толори консертии “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе аз ҷониби “Азия-Плюс” баргузор гардида буд.

Маврид ба зикр аст, ки “Суруди сол”-ро баъдан худи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дастгирӣ кард. Ӯ шахсан ба ин маросим ҳамроҳ бо аъзои ҳукумат ва раҳбарияти порлумон омада, ҳатто дар саҳна бо овозхони маъруф Сироҷиддин Фозилов таронаи “Гӯшаи бом”-ро иҷро кард.

Пас аз ин раисҷумҳури кишвар дар ҳамон толор эълон кард, ки аз ин ба баъд 23 май (рӯзи баргузории маросим) дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи ҷавонон” таҷлил мешавад.

Аз он замон то кунун маросими супурдани ҷоизаи мусиқии “Азия-Плюс” пайваста яке аз рӯйдодҳои ҷолибтарин дар ҳаёти мусиқии Тоҷикистон эътироф мешавад.

Оид ба маросими ҷоизаи имсола тафсилоти бештар каме дертар эълон хоҳад шуд. Хабарҳоро пайгирӣ кунед!

Биёед ба ёд орем, ки “Tarona Music Award” дар соли 2022 чӣ гуна баргузор шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.