Муҳимтарин нукоти гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путину Михаил Мишустин

Asia-Plus

Дар сафари расмии дурӯзае, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Русия дошт бо Владимир Путин, Президенти Русия мулоқот намуд.

Пас аз ин мулоқот Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро бо ордени “Барои хидмати Ватан”, дараҷаи III, сарфароз гардонд ва баъдан, миёни ду давлат бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия низ вохӯрӣ карда, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзиро баррасӣ намуд.

Дар ин мавод муҳимтарин нукоти гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путину Михаил Мишустин гирдоварӣ шудааст.

– Омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон дар беш аз 4 ҳазор муассисаи таълимӣ ҳатмӣ аст.

– Русия ҳамасола барои харидории китобҳои дарсӣ ба мактабҳои русии Тоҷикистон 200 млн рубл ҷудо мекунад.

– Теъдоди квота барои донишҷуён ва аспирантони тоҷик дар Русия барои солҳои 2024 – 2025 то 1000 адад зиёд карда мешавад.

– Барои таъсиси маркази таълиму тарбияи кӯдакони лаёқатманд ва Театри драмавии русӣ дар Тоҷикистон ҳукумати Русия мутаносибан 4 миллиард (ҳудуди 45 млн доллари ИМА) ва 3,5 миллиард рубл (ҳудуди 40 млн доллари ИМА) ҷудо мекунад.

– Дар Русия 1,2 млн муҳоҷири корӣ фаъолият мекунанд.

– Дар донишгоҳҳои Русия беш аз 35 ҳазор донишҷӯ ва аспирантҳои тоҷик мехонанд, ки ҳудуди 25,5 ҳазор нафари онҳо дар асоси буҷет таҳсил мекунанд.

– Дар Тоҷикистон 800 кон ва зуҳуроти канданиҳои фоиданок кашф шудаанд ва аз доираҳои тиҷоратии Русия даъват шуд, ки дар коркарди ин захираҳо ҳамкорӣ намоянд.

– Ширкати “Газпромнефт” дар Тоҷикистон панҷ анбори нафт ва 44 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорад.

– Корпоратсияи “Росатом” тарҳи бозсозии як макони саноатии коркарди уранро дар Тоҷикистон анҷом дода, омодааст, бо дар дигар масоили марбут ба истифода аз фанновариҳои ҳастаӣ бо ҳадафҳои сулҳомез, бахусус дар соҳаи тиб ҳамкорӣ кунад.

– Дар 9 моҳи соли 2023 муомилоти моли мутақобила 20% афзоиш ёфта, беш аз 90 миллиард рубл ё 10 миллиард сомониро ташкил дод.

– Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон аз 148 миллиард рубл (тақрибан 1 млрд 680 млн доллари ИМА) гузашт.

– Дар гузашта Тоҷикистон барои истеҳсоли уран сармояи зиёде гузоштааст ва то ҳол бо Русия барои дафн кардани боқимондаҳои он кор идома дорад. Конҳо зиёд ва бозор ҳам калон аст.

– Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...