Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро ба рӯзи парчам табрик кард

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамватанонро ба Рӯзи парчами давлатӣ таҳният гуфта, афзуд, ки парчам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад.

Сарвари давлат гуфт, парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

“Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид”, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад.

Инчунин, афзуд, мардуми сарбаланди мо парчамро чун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш ҳамеша ҳифз мекунанд ва тибқи анъанаи ниёгони худ парафшон будани парчамро бо сарафрозии ҳар як фард баробар медонанд.

“Бигзор, парчами пурҷилову нурафшони истиқлол дар қалби ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд”, – таманно кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар аксар шаҳру навоҳии кишвар пояи парчами давлатӣ қомат афрохтааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Тоҷикистон соли 2010 бо гузоштани пояи парчами 165-метра дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд, вале пас аз 4 сол ин рекордро Арабистони Саудӣ шикаст.

Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2010 аз ин сӯ дар кишвар 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...