Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониёнро ба рӯзи парчам табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамватанонро ба Рӯзи парчами давлатӣ таҳният гуфта, афзуд, ки парчам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад. Сарвари давлат гуфт, парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамватанонро ба Рӯзи парчами давлатӣ таҳният гуфта, афзуд, ки парчам дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик мақому манзалати хосса дорад.

Сарвари давлат гуфт, парчами давлати навини тоҷикон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, аз нахустин рӯзҳои қабули он мардуми мо дар роҳи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ ва бунёди давлатдории миллии худ қадамҳои устувор гузоштанд ва ба зиндагии осудаву ороми имрӯза расиданд.

“Парчами давлатии Тоҷикистон, ки танҳо баъди гузашти беш аз як соли соҳибистиқлолӣ, дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва дар вазнинтарин рӯзҳои таърихи халқамон қабул гардид, мардуми кишвар ва фарзандони огоҳу бедордили Ватанро ба хотири барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, таъмин намудани волоияти қонун ва муҳимтар аз ҳама, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодӣ муттаҳид намуд ва ба онҳо тавону неру бахшид”, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад.

Инчунин, афзуд, мардуми сарбаланди мо парчамро чун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш ҳамеша ҳифз мекунанд ва тибқи анъанаи ниёгони худ парафшон будани парчамро бо сарафрозии ҳар як фард баробар медонанд.

“Бигзор, парчами пурҷилову нурафшони истиқлол дар қалби ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар созад ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд”, – таманно кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки ҳоло дар аксар шаҳру навоҳии кишвар пояи парчами давлатӣ қомат афрохтааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки Тоҷикистон соли 2010 бо гузоштани пояи парчами 165-метра дар китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд, вале пас аз 4 сол ин рекордро Арабистони Саудӣ шикаст.

Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2010 аз ин сӯ дар кишвар 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.