Нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мешавад. Хидмати ҳарбии пулакӣ ва сиёҳ кардани шишаи мошин ҳам қимат мешавад

Asia-Plus

Меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли оянда 4 сомонӣ  ё 6,88 дарсад зиёд мешавад. Ҳоло он 68 сомонӣ аст ва соли 2024 он 72 сомонӣ хоҳад шуд. Дар ин бора дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2024, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр кардааст, зикр мешавад

Дар моддаи 23-и ин қонун гуфта мешавад, ки “аз 1 январи соли 2024 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ, пардохтҳои дигари ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои арзишии ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шавад”.

Ин нишондиҳанда мувофиқи қонуни “Дар бораи нишондиҳандаҳои ҳисобҳо”, ки аз 1 июли соли 2008 мавриди амал қарор дорад, “дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таваррум барои соли дахлдор пешбинӣ шудааст”.

“Нишондиҳанда барои ҳисобҳо” тибқи қонунгузории соли 2008 калимаҳои “ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат”, “музди меҳнати ҳадди ақал”, “ҳаҷми ҳадди ақали моҳонаи музди меҳнат”, “музди меҳнати ҳадди ақали моҳона”-ро иваз карда, барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ қабул карда шудааст.

Дар дурнамои сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ барои соли 2024 ва давраи миёнамӯҳлат “ҳадафи таваррум (таварруми мақсаднок) дар ҳудуди 6,0 фоиз (+/-2 банди фоизӣ) пешбинӣ шудааст.”

Хидмати ҳарбии пулакӣ ва сиёҳ кардани шишаи мошин боз қимаат мешавад

Бо афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳаҷми андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулиҳо мутаносибан тағйир меёбад.

Аз ҷумла, ҳаҷми пардохти хидмати ҳарбии пулакии ҳарбӣ низ тағйир хоҳад ёфт.

Ҳукумати кишвар бо ворид кардани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июли соли 2021, №299 “Дар бораи “Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркуниро аз 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳои пешин ба 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо иваз кардааст. Тибқи нишондиҳандаи нав барои ҳисобҳо онҳое, ки мехоҳанд хидмати ҳарбии пулакӣ анҷом диҳанд ба ҷойи 51 ҳазор, ҳамакнун  54 ҳазор сомонӣ пардохт мекунанд.

Ҳамин тариқ, маблағи сиёҳ кардани шишаи мошинҳо низ боло меравад.

Соҳибони мошинҳои истеҳсолашон то 31 декабри соли 2004 бояд аз 1 январи соли оянда 4 ҳазору 680 сомонӣ пардохт кунанд, яъне 65 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Дар ҳоли ҳозир ин маблағ 4 ҳазору 420 сомониро ташкил медиҳад.

Соҳибони мошинҳои сохти соли 2005 ва баъди он аз соли оянда 6 ҳазору 48 сомонӣ пардохт мекунанд, яъне 84 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ҳоло онҳо 5 ҳазору 712 сомонӣ месупоранд.

Иҷозат барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо ба муҳлати як сол дода мешавад. Аз соли 2010 инҷониб маблағҳои аз ин ҷамъшуда ба суратҳисоби махсуси НБО Роғун гузаронида мешаванд. Иҷозатномаро аз шуъбаҳои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (РБДА) гирифтан мумкин аст.

5 соли охир ҳамасола меъёр меафзояд

Аз соли 2000 то соли 2010 дар Тоҷикистон сиёҳ кардани оинаи мошинҳо мамнӯъ буд. Мақомот инро “ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ” марбут медонистанд.

Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо то соли 2019 дар ду сол як маротиба ва аз соли 2019 то 2024 ҳар сол меафзояд.

Дар солҳои 2015-2016 нишондиҳандаи ҳисоб 40 сомониро ташкил дод, солҳои 2017-2018 – 50 сомонӣ, соли 2019 – 55 сомонӣ, соли 2020 – 58 сомонӣ, соли 2021 – 60 сомонӣ, соли 2022 – 64 сомонӣ, соли 2023 – 68 сомонӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...