Дар Бохтар бори аввал автобусҳо ба кор оғоз карданд

Дар шаҳри Бохтар бори аввал ҳаракати автобусҳои нав дар 5 хатсайр роҳандозӣ гардид. Дар ин баробар, байни шаҳрҳои Бохтару Кӯшониён ва Бохтару Вахш низ хатсайри байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин бора Тоҷиддин Сафаров, роҳбари корхонаи “Бохтарнақлиётхизматрасон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ахиран ба шаҳри Бохтар 41 адад автобуси нав оварда шуд […]

Дар шаҳри Бохтар бори аввал ҳаракати автобусҳои нав дар 5 хатсайр роҳандозӣ гардид. Дар ин баробар, байни шаҳрҳои Бохтару Кӯшониён ва Бохтару Вахш низ хатсайри байнишаҳрӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин бора Тоҷиддин Сафаров, роҳбари корхонаи “Бохтарнақлиётхизматрасон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран ба шаҳри Бохтар 41 адад автобуси нав оварда шуд ва онҳо аз рӯзи 24-уми ноябр, ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ, ба кор оғоз кардаанд.

Ин автобусҳо ба ду самт – хатсайри дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ – ҷудо шудаанд.

Дар дохили шаҳр автобусҳо ҳоло дар 5 хатсайр ба аҳолӣ хидмат мерасонанд, ки самташон чунин мушаххас шудааст:

Маҳаллаи маданият – Бозори “Фаровон” – Беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов;

Терминали Сафари Ка – Бозори “Ҳоҷӣ Шариф” – Беморхонаи вилоятӣ;

Бозори “Фаровон” – Маҳаллаи кайҳонавардон;

Бозори “Фаровон” – Терминали Сафари Ка;

Бозори “Фаровон” – Маҳаллали Хатлон.

Ба гуфтаи роҳбари корхона, айни замон 20 автобуси нав дар ин 5 хатсайр аз соати 7:00 то 19:00 ба сокинини шаҳри Бохтар хидмат мерасонанд.

“То кунун тролейбусҳои кӯҳна ва таксиҳои шахсӣ ба сокинони шаҳри Бохтар хидмат мерасониданд. Нархи муайян ҳам надоштанд. Инак 4 рӯз мешавад, ки автобусҳои наву замонавӣ бо нархи 2 сомонӣ ба аҳолӣ хидмат мерасонад”, – иброз дошт Тоҷиддин Сафаров.

Инчунин, масъулин аз рӯзи 24-уми ноябр инҷониб хатсайри байнишаҳрии Бохтар – Кӯшониён ва Бохтар – Вахшро роҳандозӣ кардаанд. Дар ин ду масир 10 автобус ба аҳолӣ хидмат мерасонад.

“Хатти ҳаракати автобусҳо аз Бохтар то Кӯшониёну Вахш 17,5 км аст, ки дар ҳамин минтақа зиёда аз 100 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебаранд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тавре Сафаров зикр кард, ҳоло нархи роҳкиро барои хатсайри Бохтар – Кӯшониён 2 сомонӣ (қаблан бо таксиҳои мардумӣ 7 сомонӣ буд) ва Бохтар – Вахш 3 сомонӣ (қаблан бо таксиҳои мардумӣ 10 сомонӣ буд) муайян шудааст. Аммо ба зудӣ низоми ғайринақтӣ роҳандозӣ мешавад.

Тоҷиддин Сафаров афзуд, ки дар ояндаи наздик инчунин хатсайри байнишаҳрии Бохтар – Леваканд ба роҳ монда мешавад ва 10 автобус ба ин самт ҷудо шудаанд. Ҳоло бинобар сабаби таъмири роҳ аз Бозори Ҳоҷӣ Шариф то даромадгоҳи ноҳияи Леваканд ин хатсайр боздшта шудааст.

Дар наворҳое ҳам, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, дида мешавад, ки сокинони шаҳри Бохтар аз оғози кори автобусҳо қаноатманд ҳастанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин автобусҳо дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” ба шаҳри Бохтар ворид карда шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.