Оташбас миёни Исроил ва гуруҳи Ҳамос тамдид гардид

Дар ин бора намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қатар хабар дод, ки дар гуфтугуҳо иштирок доштааст. Намояндаи Ҳамос дар суҳбат бо расонаҳо тамдиди оташбасро тасдиқ кардааст. Ҷониби Исроил расман инро тасдиқ накардааст. Бино ба созишҳои пештара оташбас мебоист, шаби душанбе ба сешанбе ба поён мерасид. Тамдиди оташбас имкон медиҳад, шаҳрвандони бештари исроилие озод шаванд, ки рӯзи […]

centralasian.org

Дар ин бора намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қатар хабар дод, ки дар гуфтугуҳо иштирок доштааст. Намояндаи Ҳамос дар суҳбат бо расонаҳо тамдиди оташбасро тасдиқ кардааст. Ҷониби Исроил расман инро тасдиқ накардааст. Бино ба созишҳои пештара оташбас мебоист, шаби душанбе ба сешанбе ба поён мерасид.

Тамдиди оташбас имкон медиҳад, шаҳрвандони бештари исроилие озод шаванд, ки рӯзи 7 август аз сӯи Ҳамос гаравгон гирифта шудаанд. Исроил дар посух ба озодии гаравгонҳо шаҳрвандони фаластиниро аз зиндонҳояш озод мекунад. Ба илова, оташбас имкон медиҳад, ки ба навори Ғазза кӯмаки башардӯстона: обу, ғизо, дору ва сӯзишворӣ расонида шавад.

Исроил бо Ҳамос мустақиман гуфтугӯ намекунад. Миёнарави ин гуфтугӯҳо Қатар, Миср ва гоҳо ИМА ҳастанд.

Ҳамос то кунун 53 гаравгон аз маҷмуи 240 гаравгонро, ки ба Ғазза бурда буд, озод кардааст. Дар муқобил Исроил 117 асири фаластиниро озод карда, ба мошинҳои борбари бештар иҷозаи вуруд ба Ғаззаро додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.