72 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 5 соли зиндон. Дар Тоҷикистон ҷазо барои рақамҳои қалбакӣ сахттар шуд

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба ду кодекс тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва дар асоси он ҷавобгарии маъмурӣ барои рондани мошин бо рақамҳои қайди давлатии дигар ва ҷавобгарии ҷиноӣ барои тақаллуби рақамҳои қайди давлатӣ сахттар шудааст. Инчунин, дар баъзе ҳолат ронандагонро зиндон ҳам таҳдид мекунад.

Маълумот дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар махзани иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Дар асоси он, ҷарима барои рондани мошин бо рақами қайди давлатии дигар кас 3 маротиба ва барои тақаллубкории рақами мошин 5 маротиба зиёд шудааст.

Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла, ба моддаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шудаанд, ки барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ мекунад.

“Ба онҳо ҷазо ба андозаи аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол таъйин карда мешавад”, – омадааст дар моддаи 313-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.

Ҳамин тариқ, ҷарима, ки ҳоло аз 680 то 1020 сомонӣ (аз 63 то 94 доллар) аст, соли 2024 аз 2040 то 3400 сомонӣ (аз 188 то 313 доллар) хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки аз 1-уми январи соли 2024 ҳаҷми нишондиҳанда аз 68 сомонӣ то 72 сомонӣ зиёд карда мешавад. Мутаносибан, ҷарима барои сафар бо рақами каси дигар низ афзоиш ёфта, аз 2160 то 3600 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, агар қаблан барои ин амалҳо шаҳрвандон 6 моҳ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум мешуданд, акнун ин муддат то 1 сол дароз карда мешавад.

Бо қабули тағйирот ба моддаи 212, қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ муҷозот барои тақаллуби рақамҳои мошин сахттар шудааст.

“Тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт, бо ҷарима ба андозаи аз 500 то 1 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад”, – омадааст дар ин моддаи Кодекси ҷиноӣ.

Мутаносибан, аз 1-уми январи соли 2024 маблағи ин ҷаримаҳо афзоиш меёбад – тибқи нишондиҳандаи нав ҷаримаи ин банди қонун аз 36 ҳазор сомонӣ то 72 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар асоси иловае, ки дар қисми 3-и моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ ворид шудааст, акнун “агар бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол ҷазо дода мешавад”.

Гуфтан ба маврид аст, ки моҳи июли соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раиси Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳуриро аз мақом барканор ва ба раиси нав дастур дод, ки ҳамаи кормандони БДА аз нав аз аттестатсия гузаронад.

Сипас хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури кишвар сабаби ин дастурро вазъи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон кард.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз манобеъ ин дастурро ба рабудан ва қатли бонкир, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев марбут медонанд. Тибқи тафтишот мошине, ки бонкирро рабуда буд, аз чанд рақами қалбакӣ, ҳатто хориҷӣ истифода кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки норозигии раиси ҷумҳури кишвар аз он сабаб шудааст, ки одамон дар шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ бо рақамҳои қалбакӣ ё шахси дигар мошин меронанд ва аз ин рӯ, ӯ талаб кардааст, ки ҷазои ин ҷиноятҳо сахттар карда шавад.

Пас аз интиқодҳои раиси ҷумҳур, хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ эълон кард, ки барои ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноии кишвар гурӯҳи корӣ таъсис додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...