Аз тағйири номи маҳалҳо дар Бадахшон то “Сарбозшикор”-у тиҷорати Абдумалик Абдуллоҷонов

Инфрасохтори шаҳри Душанбе, муҳофизи Тоҷикистон, Абдумалик Абдуллоҷонов, сарбозшикор, роҳи бойшавӣ ва номгузории маҳалҳо дар Бадахшон аз муҳимтарин масоиле будаанд, ки ин ҳафта нашриёти чопи Душанбе ба он таваҷҷуҳ кардаанд. “Чего не хватает Душанбе” и “Кто защитит Таджикистан” Бо ин ном ҳафтаномаи “Азия Плюс” дар бораи хадамот ва инфрасохтори барои душанбе муҳим, ки айни ҳол ба таври […]

Инфрасохтори шаҳри Душанбе, муҳофизи Тоҷикистон, Абдумалик Абдуллоҷонов, сарбозшикор, роҳи бойшавӣ ва номгузории маҳалҳо дар Бадахшон аз муҳимтарин масоиле будаанд, ки ин ҳафта нашриёти чопи Душанбе ба он таваҷҷуҳ кардаанд.

“Чего не хватает Душанбе” и “Кто защитит Таджикистан”

Бо ин ном ҳафтаномаи “Азия Плюс” дар бораи хадамот ва инфрасохтори барои душанбе муҳим, ки айни ҳол ба таври кофӣ фаъолият намекунанд, мавод интишор кардааст.

Муаллиф менависад, ки сокинони Душанбе аллакай аз шикоят дар бораи камбудиҳо хаста шудаанд, зеро барои зиндагии бароҳат дар пойтахти кишвар иншооту хадамоти зиёд намерасад.

Аз ҷумла, норасоии таваққуфгоҳ барои мошинҳои шахсӣ, нишастгоҳ дар хиёбонҳо, ҳоҷатхонаи муосир дар кӯчаҳои шаҳр, қуттиҳои партов дар ҷойҳои зарурӣ, майдонҳо ва боғҳо навиштааст.

Ҳамчунин, дар матлаби “Кто защитит Таджикистан” оид ба таҳдидҳо аз сӯйи Афғонистон ва зарфияти муқовимати нерӯҳои СААД андешаронӣ шудааст. Муаллиф бо назардошти равандҳои муосири сиёсиву низомӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамчунин ҷанги идомадори Русия дар Украина талош кардааст ба ин суол посух пайдо кунад, ки кӣ Тоҷикистонро метавонад аз таҳдидҳои эҳтимолӣ ҳимоя кунад?

Номи маҳалҳои Бадахшон

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (нашри 27.11.2023) мавзӯи бисёр баҳснокро мавриди таҳлил қарор додааст: “ВМКБ: ба маҳалҳо номи аслиашон баргардонида мешавад”.

Муаллифи ин матлаб дар бораи мувофиқат накардани номҳои ҷуғрофии ҳудуди ВМКБ ба меъёрҳои забони давлатӣ навишта, зикр кардааст, ки комиссияи номгузории назди ҳукумати вилоят тасмим гирифтааст, чунин номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба меъёрҳои қонуни забони давлатӣ мувофиқ гардонида шаванд. Оё чунин хоҳад шуд ва дар ин бора Алишер Мирзонабот, раиси вилоят чӣ гуфтааст? Дар ин рӯзнома метавонед мутолиа кунед.

“Сарбозшикор” ва “Наҳанги ҷумҳурӣ”

Ҳафтаномаи “Фараж” матлаби асосии худро ин ҳафта ба “Сарбозшикор” бахшидааст. Дар ин матлаб оид ба як мушкили умдаи Артиш кишвар – ҷалби ғайриқонунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ андешаронӣ шуда, аз Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси шинохтаи тоҷик ба саволи оё метавонад мавсими даъват ба артиш бе “облава” оғоз ва анҷом ёбад посух гирифтааст.

Посухи Дилрабо Самадова чӣ аст, метавонед аз ин матлаб пайдо кунед.

Яке аз матлабҳои ҳафтаномаи “СССР”, ки Бахтиёр Муртазо, нависандаи халқии Тоҷикистон навиштааст, ба Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ вазири ғалла, сарвазири кишвар ва тиҷорати ӯ бахшида шуда, зери унвони “Наҳанги ҷумҳурӣ”-2 интишор ёфтааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бошад, бо тоҷир Саидмурод Давлатов мусоиба ороста “Чанд роҳи сарватмандшавӣ”-ро муайян ва пешкаши хонанда кардааст. Ин кадом роҳҳо аст? Метавонед пас аз хондани мусоҳиба маълум кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.