ФФТ: Роналду виза гирифт. Ба эҳтимоли зиёд ба Тоҷикистон меояд

Як масъули шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки номи Криштиану Роналду дар феҳристи онҳое, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, мавҷуд аст. “Дар миёни 80 нафаре, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, исми Криштиану Роналду низ ҳаст”, – гуфт масъули ФФТ. Ба иттилои ин манбаъ […]

Як масъули шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки номи Криштиану Роналду дар феҳристи онҳое, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, мавҷуд аст.

“Дар миёни 80 нафаре, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, исми Криштиану Роналду низ ҳаст”, – гуфт масъули ФФТ.

Ба иттилои ин манбаъ феҳристи дақиқи онҳое, ки бояд ба Душанбе оянд дар охири ҳафтаи ҷорӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки то вохӯрии даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 миёни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” шаш рӯз боқӣ мондааст.

Дар ҳамин ҳол ФФТ хабар медиҳад, ки аз нисф зиёди чиптаҳои бозӣ аллакай фурӯхта шудаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, то имрӯз беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхта шудааст.

Чиптаҳои бозӣ дар се категория пешниҳод карда шудаанд: якум – нишастгоҳҳои ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) нархаш 300 сомонӣ, нишастгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Арзиши чиптаҳои категорияи VIP 3000 сомониро ташкил медиҳад.

Чиптаҳо дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва дар мағозаи расмии “Истиқлол” – “Joma” ба фурӯш гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни бошгоҳҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” рӯзи 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.