Фохтак ё Мусича. Парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон интихоб шуд

Дар пайи як овоздиҳие, ки имрӯз, 30-юми ноябр, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд, фохтак – мусича, ки қумрӣ ҳам мегӯянд, парандаи соли 2024 дар кишвар интихоб гардид. Бояд гуфт, ки 4 навъи ин паранда мавҷуд аст: фохтаки калон, хурд, муқаррарӣ ва ҳалқадор. Дар Тоҷикистон ҳар чор навъи ин паранда мавҷуд буда, пештар фохтаки […]

Дар пайи як овоздиҳие, ки имрӯз, 30-юми ноябр, дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд, фохтак – мусича, ки қумрӣ ҳам мегӯянд, парандаи соли 2024 дар кишвар интихоб гардид.

Бояд гуфт, ки 4 навъи ин паранда мавҷуд аст: фохтаки калон, хурд, муқаррарӣ ва ҳалқадор. Дар Тоҷикистон ҳар чор навъи ин паранда мавҷуд буда, пештар фохтаки муқаррарӣ бештар буд. Ҳоло раванди афзоиши фохтаки ҳалқадор мушоҳида мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки шурӯъ аз соли 2007 дар Тоҷикистон тариқи овоздиҳӣ парандаи сол интихоб мешавад.

Соли ҷорӣ парандаи сол саъба интихоб гардида буд.

Солҳои пеш кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазавр, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳутҳут, шоҳин, парасту (фароштурук), уқоб ва заргулдор парандаи сол интихоб шуда буданд.

Бояд гуфт, ки интихоби парандаи сол барои фароҳам овардани заминаи муносиб ҷиҳати афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.