FMFB MOBILE. Замимаи нави мобилӣ бо сохтор ва намуди муосир

Маводи шарикон

ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд” барномаи мобилии худро бо унвони “FMFB MOBILE” бо тарҳи одӣ, қулай ва бехатар ба мизоҷон пешниҳод мекунад, ки он зиёда аз 400 намуди амалиётро иҷро менамояд.

Бо пешниҳоди барномаи мазкур, “Аввалин бонки молиявии хурд” кӯшиш кардааст, барои мизоҷони худ заминае фароҳам оварад, ки то амалиётҳои бонкиро онлайн, осон ва қулай иҷро кунанд. Мизоҷон метавонанд, аз ин замима дар дилхоҳ вақт (24-соат) истифода баранд, то бидуни рафтан ба ягон филиал ва МХБ-и бонк дар давоми ҳамагӣ чанд сония амалиётҳои бонкии худро анҷом диҳанд. Интерфейси корбарии ин барнома хеле сода тарҳрезӣ шудааст, то истифодаи он низ ба ҳамагон осон ва фаҳмо бошад.

Намуди виртуалии “Аввалин бонки молиявии хурд” дар ҷайби шумо

Дар замимаи мобилӣ мизоҷон метавонанд тамоми суратҳисобҳои худро идора кунанд, маҳсулоти нав кушоянд ва барои дастгирии техникӣ муроҷиат намоянд. Қобилияти замимаи мобилии “Аввалин бонки молиявии хурд” хеле васеъ мебошад. Аз ин рӯ, FMFB MOBILE бо сохтор ва намуди муосири худ, метавонад ниёзҳои гуногуни мизоҷонро дар соҳаҳои гуногун қонеъ созад. FMFB MOBILE ба шумо имкон медиҳад, ки ҳамеша дар ҷайбатон намои виртуалии “Аввалин бонки молиявии хурд”-ро дошта бошед.

Дастрасии одӣ ба барномаи мобилии FMFB MOBILE

Намуди муосир, вале сода ва қулайи барномаи мобилии FMFB MOBILE ба шумо барои зуд дастрас шудан ба бахши дилхоҳатон мусоидат мекунад. Шояд яке аз амалиётҳои серталаб ва зуд-зуд ба назар мерасида, дар ҳаёти ҳаррӯза ин интиқоли пул бошад, ки Шумо метавонед, онро аз усулҳои гуногун, аз ҷумла байни суратҳисобҳо, аз корт ба корт ва ғайра тавассути FMFB MOBILE ба осонӣ интиқол диҳед. Барнома метавонад дар суръат бахшидани раванди интиқоли пул нақши муҳим бозад.

Пардохти харидҳо бо FMFB MOBILE

Мусаллам аст, ки шумо ҳар рӯз аз мағозаҳои гуногун харид менамоед. Аз ин рӯ, шумо метавонед, ба воситаи FMFB MOBILE амалиётҳои пардохти харидро бисёр осон иҷро кунед.

Бо вуҷуди ин, вақт арзишманд аст ва табиист, ки шумо ин равандро ҳар қадар зудтар анҷом диҳед, ҳамон қадар вақт ва нерӯи шумо сарфа мегардад. Инчунин, иҷрои амалҳо барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои давлатӣ ба воситаи FMFB MOBILE хеле осон ва қулай мебошанд.

Агар шумо дар FMFB MOBILE суратҳисоб дошта бошед ва хоҳед, ки таҷрибаи замонавӣ ва сатҳи баланди анҷом додани амалиёти бонкии худ дар интернетро дошта бошед, FMFB MOBILE ба шумо бо роҳи қулай барои ноил шудан ба ин ҳадаф кумак мекунад.

Ҳамчунин, агар корти бонкии шумо гум шавад, бо истифода аз ин барнома зуд ва бо осонӣ онро маҳкам карда метавонед, то аз сӯистифодаи эҳтимолӣ ҷилавгирӣ кунед.

Ҳатто агар шумо мизоҷи “Аввалин бонки молиявии хурд” набуда ва дорандаи корти бонкҳои дигар бошед низ, метавонед, дар ин барнома корти худро ворид карда ва ба бисёре аз амалиётҳои бонкӣ дастрасӣ пайдо кунед.

Шумо метавонед, замимаи мобилии FMFB MOBILE-ро ройгон ва бо истиноди мустақим ба талефонатон боргирӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо ва хизматрасониҳои он хабардор шавед ва ҳаёти худро бо истифода аз он осон ва дигаргун созед.

Ҳадафи аслии мо осонӣ овардан ба мизоҷон аст. Пас, бо насб кардани барнома дар телефон ҳаёти худро осон, вақти худро сарфа ва суратҳисобҳои худро ҳамеша ба назорат бигиред.

FMFB MOBILE – сода, қулай ва бехатар!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...