Дар Тоҷикистон муайян мекунанд, ки сокинон ба кадом расона афзалият медиҳанд

Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав оид ба муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Тадқиқоти мазкур пурсиши зиёда аз 2,5 ҳазор аҳолии кишварро пешбинӣ мекунад. Аз натиҷаҳои тадқиқот маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро мебинанд, кадом радиоҳоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро  мехонанд. Чӣ тавре ки Набӣ Юсупов – директори ташкилоти ҷамъиятии […]

Дар Тоҷикистон тадқиқоти нав оид ба муайян кардани афзалиятҳои расонавии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Тадқиқоти мазкур пурсиши зиёда аз 2,5 ҳазор аҳолии кишварро пешбинӣ мекунад. Аз натиҷаҳои тадқиқот маълум мешавад, ки сокинони кишвар кадом шабакаҳои телевизиониро мебинанд, кадом радиоҳоро мешунаванд ва кадом рӯзномаю маҷаллаҳоро  мехонанд.

Чӣ тавре ки Набӣ Юсупов – директори ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”  ба "Азия-Плюс" хабар дод, ғайр аз бартариятҳо ба расонаҳои анъанавӣ, ба монанди ТВ, радио, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо, тадқиқот инчунин интихоби аҳолӣ дар нисбати шаклҳои нави расонидани иттилоъ тавассути абзорҳои интернетӣ – сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳо ва почтаи электрониро низ  муайян хоҳад кард.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони тадқиқот, тавассути муайян кардани симои корбари фаъоли воситаҳои мухобироти оммавӣ, тадқиқот метавонад якбора ба се ҳадаф ноил шавад. Якум, аудиторияи истеъмолкунандагон ва сатҳи истифодаи ВАО-ро муайян кунад. Дуввум, ба расонаҳои ватанӣ барои беҳтар сохтани муҳтаво кумак намояд. Ва сеюм, ба манбаъҳои ахбор дар муайян кардани воситаҳои муассиртарин барои паҳн кардани маҳсулоти иттилоотӣ, ки мустақиман ба аудиторияи мақсадноки онҳо нигаронида шудаанд, ёрӣ расонад.

Тадқиқоти афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон бори чаҳорум баргузор  мешавад. Н.Юсупов гуфт, ки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” шарикони ташкилоти “Машварати расонавӣ” мебошанд. Дастгирии молиявии ин лоиҳа аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Чӣ тавре, ки Набӣ Юсупов қайд кард, тадқиқоти мазкурро бидуни дастгирии Вазорати фарҳанг ва Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” баргузор кардан мушкил буд. “Барои ҷилавгирӣ аз бархӯрди манфиатҳо мо дидаву дониста  ба идораҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат накардем, – мегӯяд Н.Юсупов. Бинобар ин, аз Вазорати фарҳанги ҶТ сипосгузорем, ки бори чорум барои бо сифати баланд баргузор кардани тадқиқот мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.