Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Аз оғози ҷанг қариб 16 ҳазор сокини осоишта кушта шудаанд

BBC

Радиои артиши Исроил хабар медиҳад, ки ин кишвар вориди ҷонуби Ғазза шуда, дар шимоли шаҳри Хон Юнис амалиёти заминӣ оғоз кардааст.

BBC менависад, ки “тасвирҳои як тонки исроилӣ дар наздикии шаҳр”-ро тайид кардааст.

Ба навиштаи ин расона, сардори артиши Исроил ба сарбозон гуфтааст, ки артиши Исроил дар ҷануби Ғазза низ “қавӣ ва ҳамаҷониба” меҷангад.

Генерал-лейтенант Ҳерзӣ Ҳалевӣ бо сарбозони хеш дар бораи ҳадафҳои низомӣ ва кушта шудани фармондеҳони Ҳамос аз ҷониби Исроил сӯҳбат кардааст.

“Мо дар шимоли навори Ғазза сахт ва ҳамаҷониба ҷанг кардем ва ҳоло ҳам дар ҷануби Навори Ғазза ин корро анҷом медиҳем”, – гуфтааст ӯ.

Сухангӯи артиши Исроил баъдан таъйид кард, ки Исроил “ба тавсеаи ҳамлаи заминӣ” дар тамоми Ғазза, “рӯбарӯ бо террористон меҷангад”.

Пас аз анҷоми муҳлати оташбаси якҳафтаина, Исроил рӯзи ҷумъаи гузашта маъракаи густурдаи бомбандозӣ дар Ғаззаро аз сар гирифт, ки сокинони Хон Юнис онро шадидтарин мавҷи ҳамлаҳо то кунун унвон карданд.

Ба навиштаи BBC дар ҷараёни ин созиши орташбаси ҳафтрӯза гуруҳи Ҳамос бар ивази раҳоии 240 фаластинӣ аз зиндонҳои Исроил 110 гаравгон дар Ғаззаро раҳо кард.

Субҳи рӯзи якшанбе артиши Исроил аз сокинони Хон Юнис хост минтақаро фавран тарк кунанд.

Мақомоти Исроил бар ин боваранд, ки раҳбарияти Ҳамос дар ин минтақа паноҳ будаанд. Бояд гуфт, паз аз оғози ҷанг дар шимоли Ғазза, садҳо ҳазор нафар воқеан ба ин минтақаи нисбатан ором паноҳ бурда буданд.

Як мақоми СММ пас аз он ки артиши Исроил ҳамалоти худро ба ҷануб оғоз кард, аз ваҳшати он нигаронӣ кард.

Ҷеймс Элдер, корманди Агентии кӯдаконаи ЮНИСЕФ бемористони тиббии Носир дар Хон Юнисро “минтақаи ҷанг” тавсиф кард.

Як мушовири нахуствазири Исроил гуфт, ки Исроил барои ҷилавгирӣ аз кушта шудани ғайринизомиён талош мекунад.

Ҷеймс Элдер ба BBC гуфтааст, ки вай дар наздикии бемористони Носир садои таркишҳои шадиди пайвастаро мешунавад ва кӯдакон бо захмҳои гуногун бистарӣ мешаванд.

“Ман ба ин беморхона мунтазам мерафтам. Кӯдакон маро мешиносанд, ҳоло оилаҳо маро мешиносанд. Ҳамон одамон аз дасти ман мегиранд ё куртаамро гирифта мегӯянд, ки “лутфан моро ба ҷои амн баред. Дар куҷо бехатар аст?”, – мегӯяд Ҷеймс Элдер.

Ӯ гуфтаааст, мутаассифона, ба саволҳои онҳо ягона ҷавоб ин аст, ки ҷойи амн нест.

Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери идораи Ҳамос аст, мегӯяд, аз замони аз сар гирифтани бомбборон беш аз 500 нафар кушта шудаанд.

Вазорат ҳамчунин гуфтааст, ки аз замони оғози ҷанг Ғазза беш аз 15 500 нафар кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...