Дар Душанбе гумонбари қаллобӣ тариқи терминали “Душанбе Сити” боздошт шуд

Дар Душанбе Шодмон Каримови 36-сола боздошт шуд. Ӯ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ нисбати шаҳрвандоне, ки тариқи терминали пардохти бонки “Душанбе Сити” амалиёти транзаксизӣ анҷом медоданд, гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар пойтахт. Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки Каримов бо роҳи фиреб маблағҳои шаҳрвнадонро азхуд мекардааст. “Аз ҷумла, номбурда ҳангоми […]

Дар Душанбе Шодмон Каримови 36-сола боздошт шуд. Ӯ ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ нисбати шаҳрвандоне, ки тариқи терминали пардохти бонки “Душанбе Сити” амалиёти транзаксизӣ анҷом медоданд, гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар пойтахт.

Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки Каримов бо роҳи фиреб маблағҳои шаҳрвнадонро азхуд мекардааст.

“Аз ҷумла, номбурда ҳангоми дар назди дастгоҳи худкори маблағгузаронии «Душанбе-Сити» қарор доштан, бо роҳи фиреб ба боварии як нафар сокини шаҳри Душанбе даромада, бо ваъдаи ба суратҳисобаш пардохт намудан, аз ӯ 2000-сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст”,- омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, айни замон бо мақсади муайян намудани дигар кирдорҳои ҷиноятии гумонбаршаванда тафтишот ҷараён дорад.

Зимнан аз шаҳрвандон низ хоҳиш шудааст, ки агар мавриди фиреби ин нафар қарор гирифтаанд, метавонанд ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.