Ҷасади як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русияву Украина кушта шуд, ба хок супориданд. Бахтовар Орифов кӣ буд?

Asia-Plus

Бахтовар Орифов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар воҳиди таъиноти махсуси Русия ба ҳайси афсар ифои вазифа мекард, дар вилояти Донетски Украина кушта шудааст. Ҷасади ӯро дирӯз, 13-уми декабр дар зодгоҳаш – шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба хок супориданд.

Дар маросими ҷанозаи Бахтовар Орифов ҳамчунин 11 нафар афсару аскарони артиши Русия низ ҳузур доштаанд.

Наздиконаш мегӯянд, Бахтовар Орифов 30 сол дошт, соҳиби ду фарзанд ва шаҳрвандии Русияро низ пазируфта буд. Ӯ пас аз хатми мактаб дар Тоҷикистон ба мактаби олии ҳарбии Русия дар шаҳри Рязан дохил шуда, баъди хатми он дар шаҳри Хабаровски ин кишвар ҳамчун афсари таъиноти махсус адои хидмат мекард.

“Аз рӯзҳои аввали ҷанг ба Украина фиристода шуда буд. Дар ин байн, барои шуҷоат қадрдонӣ ҳам гардида буд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ таъкид кард, ки Бахтовар Орифов дар вилояти Донетск кушта шудааст, аммо дар чӣ шароит, ҳоло маълум нест.

Бояд гуфт, ки ин аввалин хабари кушта шудани зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Украина нест. Тақрибан 20 рӯз пештар ҷасади як тоҷики дигари дар ҷанги Русияву Украина кушташуда ба ватан интиқол ёфта буд.

Пештар аз ин низ чанд нафар зодагони Тоҷикистон дар ин ҷанг ҷон бохтаву ба ватан оварда шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда ва дар пайи ин ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба артиш ва ҳамин тариқ, ба ҷанг шурӯъ намуд.

Маълум нест, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандон ё зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок доранд, вале хабаргузории ВВС дар як тадқиқоти худ навишт, ки дастикам 93 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Укроина кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...