Дар Таймс-сквери Ню-Йорк навори имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Дар Таймс-сквери маъруф дар маркази шаҳри Ню-Йорк наворҳои таблиғӣ (рекламавӣ) дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуданд, ки таваҷҷуҳи бисёре аз сокинон ва меҳмонони шаҳрро ҷалб карданд. Дар муддати 24 соат дар лавҳаи бузургтарини Таймс-сквер дар Ню-Йорк наворҳои видео дар бораи имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари ширкати […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Таймс-сквери маъруф дар маркази шаҳри Ню-Йорк наворҳои таблиғӣ (рекламавӣ) дар бораи Тоҷикистон намоиш дода шуданд, ки таваҷҷуҳи бисёре аз сокинон ва меҳмонони шаҳрро ҷалб карданд.

Дар муддати 24 соат дар лавҳаи бузургтарини Таймс-сквер дар Ню-Йорк наворҳои видео дар бораи имконоти сайёҳии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” роҳбари ширкати сайёҳии “Диёр Трэвел” Умедшоҳ Саидов хабар дод.

“Иқдоми мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд. Наворҳо (роликҳо) рӯзи 12 декабр ҳар 9-ум дақиқаи соат дар муддати 24 соат намоиш дода шуданд. Наворҳои касбӣ аз ҷониби шабакаи телевизионии ВВС дар остонаи ҷашни солгарди истиқлолияти Тоҷикистон таҳия шуда буданд”, – изҳор дошт Саидов.

Қобили зикр аст, ки Таймс-сквер яке аз ҷойҳои сертамошобини сайёҳон дар ҷаҳон ба шумор рафта, ҳар сол ҳудуди 50 млн нафар аз он боздид мекунанд. Майдонро «чорроҳаи ҷаҳон» меноманд ва ҳамарӯза аз он беш аз 300 ҳазор пиёдагардон ва 115 ҳазор ронандаву мусофир мегузаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.