Ҷасади як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русияву Украина кушта шуд, ба хок супориданд. Бахтовар Орифов кӣ буд?

Бахтовар Орифов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар воҳиди таъиноти махсуси Русия ба ҳайси афсар ифои вазифа мекард, дар вилояти Донетски Украина кушта шудааст. Ҷасади ӯро дирӯз, 13-уми декабр дар зодгоҳаш – шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба хок супориданд. Дар маросими ҷанозаи Бахтовар Орифов ҳамчунин 11 нафар афсару аскарони артиши Русия низ ҳузур доштаанд. Наздиконаш мегӯянд, […]

Asia-Plus

Бахтовар Орифов, як зодаи Тоҷикистон, ки дар воҳиди таъиноти махсуси Русия ба ҳайси афсар ифои вазифа мекард, дар вилояти Донетски Украина кушта шудааст. Ҷасади ӯро дирӯз, 13-уми декабр дар зодгоҳаш – шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба хок супориданд.

Дар маросими ҷанозаи Бахтовар Орифов ҳамчунин 11 нафар афсару аскарони артиши Русия низ ҳузур доштаанд.

Наздиконаш мегӯянд, Бахтовар Орифов 30 сол дошт, соҳиби ду фарзанд ва шаҳрвандии Русияро низ пазируфта буд. Ӯ пас аз хатми мактаб дар Тоҷикистон ба мактаби олии ҳарбии Русия дар шаҳри Рязан дохил шуда, баъди хатми он дар шаҳри Хабаровски ин кишвар ҳамчун афсари таъиноти махсус адои хидмат мекард.

“Аз рӯзҳои аввали ҷанг ба Украина фиристода шуда буд. Дар ин байн, барои шуҷоат қадрдонӣ ҳам гардида буд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ таъкид кард, ки Бахтовар Орифов дар вилояти Донетск кушта шудааст, аммо дар чӣ шароит, ҳоло маълум нест.

Бояд гуфт, ки ин аввалин хабари кушта шудани зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Украина нест. Тақрибан 20 рӯз пештар ҷасади як тоҷики дигари дар ҷанги Русияву Украина кушташуда ба ватан интиқол ёфта буд.

Пештар аз ин низ чанд нафар зодагони Тоҷикистон дар ин ҷанг ҷон бохтаву ба ватан оварда шуда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда ва дар пайи ин ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба артиш ва ҳамин тариқ, ба ҷанг шурӯъ намуд.

Маълум нест, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандон ё зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷанг иштирок доранд, вале хабаргузории ВВС дар як тадқиқоти худ навишт, ки дастикам 93 шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Русияву Укроина кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио