БАТР барои тоҷирони ҷавони Осиёи Марказӣ 200 млн евро ҷудо мекунад

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба амалисозии барномаи “Ҷавонон дар тиҷорат” дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад”. Ин барнома барои дастгирии тоҷирони ҷавон пешбинӣ шуда, муҳлати он 7 солро дар бар мегирад. Барои амалисозии он БАТР 200 млн евро (218 млн доллар) ҷудо мекунад. Тавре ки EuropaWire хабар медиҳад, ҳадаф аз барнома дастрасии беҳтар ба молия […]

Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба амалисозии барномаи “Ҷавонон дар тиҷорат” дар Осиёи Марказӣ оғоз мекунад”. Ин барнома барои дастгирии тоҷирони ҷавон пешбинӣ шуда, муҳлати он 7 солро дар бар мегирад. Барои амалисозии он БАТР 200 млн евро (218 млн доллар) ҷудо мекунад.

Тавре ки EuropaWire хабар медиҳад, ҳадаф аз барнома дастрасии беҳтар ба молия ва омӯзиши дахлдор барои соҳибкорони ҷавон дар минтақае мебошад, ки тақрибан сеяки аҳолӣ синнашон аз 18 то 34-сола аст.

Барномаи “Ҷавонон дар тиҷорат” дар Осиёи Марказӣ” (YiB CA) барои корхонаҳои хурду миёнае, ки роҳабарашон ҷавонони синни то 35-соланд ё молики ин корхонаҳоянд, пешбинӣ шудааст.

Дар татбиқи лоиҳа то 20 муассисаи молиявии шарикии Осиёи Марказӣ ва Муғулистон ширкат меварзанд, ки барои қарздиҳии минбаъда маблағгузорӣ хоҳанд шуд.

Сармоягузории БАТР бо бастаи то 30 млн евро грантҳо ва маблағгузории муштараки имтиёзнок барои ҳавасмандгардонии қарздиҳии фарогир ва соҳибкории ҷавонон пурра карда мешавад.

Таҳқиқот нишон додааст, ки дар ҳудуди 47%-и ҳамаи корхонаҳои соҳибкории хурду миёна ҷавонони синни то 47-сола машғули коранд. Дар ҳамин ҳол, аксари онҳо ба имконоти иқтисодӣ дастрасии баробар надоранд. Ҳамагӣ 10%-и ҷавонони минтақа барои омодагии зарурӣ ва таҷрибаи касбӣ имкон доранд.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд сармоягузори ниҳодии пешрафта дар Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз Бонк дар доираи зиёда аз 1000 лоиҳа ҳудуди 19 млрд евро ҷудо кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио