Афзоиши нархҳо, баҳси иншооти нотамом, ҳарифи эҳтимолии Путин ва “Довфилм”

Исматуллоҳ Абдуллоев, махсус барои Asia-Plus

Афзоиши нархҳо, баҳси бинои нотамом дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, интизории ҳарифи эҳтимолии Путин, тафриқа миёни журналистон ва таъсиси боз як киностудия аз мавзӯъҳое будаанд, ки ин ҳафта нашрияҳои чопи Душанбе баррасӣ кардаанд.

Нархҳо боло мераванд

“С Новым годом! С новыми ценами!” – бо ин ном матлаби асосии ҳафтаномаи “Азия Плюс” нашр шудааст. Дар ин матлаб муаллиф оид ба боло рафтани нархи барқу хадамоти дигари давлатӣ, ки бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мешавад, маълумот додааст

Аз ҷумла, зикр мегардад, ки соли нави 2024 нархи истифодаи барқ 16 дарсад боло рафта, 1 киловатт-соат барқ 30,75 дирам мешавад.

Ҳамин тавр, ба андешаи муаллиф, болоравии нархи барқ боиси гароншавии дигар маҳсулоту хадамот мегардад. Дар соли нав боз чӣ қимат мешавад ва чӣ қадар, дар ин матлаб мутолиа кунед.

Дар ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ҳамчунин метавонед матлабҳои “Внимание – работает ПВО!”, “Дедовщина в Таджикистан”, “Зачем таджики летают в Иран?” ва ғайраро хонед.

Муовини раис: Мо фақат тарафи чапу рост меравем

Ҳафтаномаи “Фараж” мақолаи “Ҷазира дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ”-ро дар сафҳаи аввали худ нашр кардааст, ки он ба ду иншооти нотамоми ин ноҳия бахшида шудааст. Зикр шудааст, ки яке аз ин биноҳо дар масофаи 200 метрии бинои ҳукумати ноҳия ҷойгир аст ва 30 сол пеш сохтмонаш оғоз шудаву то ҳол нотамом боқӣ мондааст. Ба навиштаи муаллифи матлаб, сармутахассиси Шуъбаи маорифи ноҳия гуфтааст, сохтмони ин ду бино ба души Вазорати маориф аст, аммо ин суханро котиби матбуотии Вазорати маориф рад кардааст. Кӣ ҳақ аст? Ба ин савол баъди хондани мақола посух метавон пайдо кард.

“Болонишинон журналистонро ҷудо мекунанд”

Ҳафтаномаи “Самак” доир ба мавзӯи “Мавқеи ВАО дар ҷомеа” бо Одил Нозир, муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мусоҳиба анҷом додааст. Одил Нозир аз ҷудо кардани ВАО-и расмӣ ва ғайриҳукуматӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, ки ин мушкили “болонишинон аст”.

“…ҳамон болобудаҳо ҳатто дар чорабиниҳои давлатӣ низ журналистони ғайриҳукуматиро “ҷудо” мекунанд. Ба оддитарин чорабиниҳо даъват намекунанд . Ҳол он ки пӯшида нест, ки аудиторияи ВАО-и ғайриҳукуматӣ бамаротиб бештар асту таъсираш ба маротиб зиёдтар”, – гуфтааст Одил Нозир.

Одил Нозир ҳамчунин, дар бораи журналистикаи шаҳрвандӣ, фаъолияти блогерон ва вазъи нашрияҳо сӯҳбат кардааст, ки метавонед онро дар ҳафтаномаи “Самак” мутолиа кунед.

Фарҳанги сарфакорӣ

Рӯзномаи “Ҷумҳурият” (нашри 07.12.23) матлаберо бо номи “Фарҳанги сарфакорӣ” нашр кардааст. Дар матлаб муаллиф аҳмият ва зарурати сарфакориро шарҳ дода, ба хусус сарфаи неруи барқро муҳим мешуморад.  Инчунин аз қавли чанд мусоҳибаш менависад, ки назар ба солҳои пеш вазъ хеле беҳтар шудаву мардум сарфакор шудаанд.

“Исматбой Рӯзиеви 80-сола дар ин маврид мақоли халқро ба кор мебарад: “Рӯзатро фурӯшу рӯшноӣ бихар”. Вай мегӯяд, ин равшаниро барои зимистони дарпешистода аз имрӯз бояд фароҳам овард, ки чорааш оқилона истифода бурдани нерӯи барқ аст”, – менависад муаллиф.

Кӣ ҳарифи Путин мешавад?

Ҳафтанома “СССР” матлаберо бо номи “ВВП №5” ба чоп кардааст. Дар ин мақола муаллиф қайд мекунад, ки Владимир Путин Русияро ба сатҳи нави рушд баровард ва давраи роҳбарии Путинро бо давраи роҳбарии Пётри Кабир ва Иосиф Сталин баробар меҳисобад. Ба андешаи муаллиф, интихоботи дарпешистодаи Русия сенсатсия ва ҳангома дорад.

“Мо бошем мунтазири сенсатсия ва ҳангома мешинем, ки дар интихоботи навбатии қарибулвуқуъ дар Русия кӣ… ғалаба не, ҳарифи ВВП шуда метавонад”, – менависад муаллиф.

Синомагарони мо бояд муъҷиза офаранд – бо ин унвон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мусоҳиба бо коргардон Муҳиддини Музаффарро нашр кардааст. Муҳиддини Музаффар дар бораи таъсиси киностудияи “Довфилм” мегӯяд. Ӯ ҳадафи ин киностудияро таҳияи филмҳои хуб, кӯшиш кардану талош кардан дар барои сохтани фазои озоди синамо дар кишвар арзёбӣ кардааст.

“Тоҷик президенти ИМА мешавад?”, “Як саҳифаи соли 1937”, “Ҳайфи дӯстони ҷонӣ” ва дигар матлабҳоро метавонед дар ин шумораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...