Дар вилояти Суғд чор узви як оила аз истеъмоли хӯриш заҳролуд шудаанд

Чор узви як оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (консерваи худсохт) заҳролуд (бемории ботулизм) шуда, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми декабр рух додааст. Тибқи иттилои Муродҷон Ҷӯраев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, келини заҳролудшудаи ин оила ҳомиладор будааст. Айни ҳол келин ва хушдоман дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Чор узви як оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (консерваи худсохт) заҳролуд (бемории ботулизм) шуда, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми декабр рух додааст.

Тибқи иттилои Муродҷон Ҷӯраев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, келини заҳролудшудаи ин оила ҳомиладор будааст.

Айни ҳол келин ва хушдоман дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати ду нафари дигар нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад, аммо онҳо ҳам дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Заҳролудшавии чор узви як хонавода дар ҳоле, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса, 8-уми декабри соли 2023, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои пешгирӣ аз заҳролудшавии сокинон огоҳинома нашр ва паҳн карда буд.

Дар огоҳиномаи марказ тавсия дода мешавад, ки “аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат, бахусус, консерваҳои хонагие, ки шубҳаноканд, худдорӣ намоед”.

Таъкид мегардад, ки дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои заҳролудшавӣ дарҳол “ба духтурон муроҷиат кунанд, зеро ягона роҳи табобат ин воридгардонии зардобаҳои зиддиботулизм аст”.

Таъкиди марказ низ беҳуда нест, зеро чанде пештар як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (бодиринги консервашудаи худсохт) заҳролуд шудааст, аммо 4 рӯз ба табибон муроҷиат накардааст ва ҳамчунин, баъди интиқол ба беморхона, истеъмоли хӯришро зикр накардааст.

Фаррух Усмонов, масъули дафтари матбуоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, гуфт, ки марди заҳролудшуда сокини 33-солаи деҳаи Сари ҳавзи ҷамоати Пунук буда, 26-уми ноябр, баъди истеъмоли ош бо хӯриш худро нороҳат ҳис кардааст.

“Ҳарчанд ин мард чанд рӯз худро нороҳат ҳис карда бошад ҳам, танҳо 30-юми ноябр, баъди ниҳоят бад шудани вазъи саломатиаш, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт муроҷиат кардааст, аммо дар оғоз истеъмоли хӯришро нагуфтааст”, – гуфт Фаррух Усмонов.

Баъди ташхис муайян гардидааст, ки ӯ заҳролуд шудааст. Баъди ин, ӯро дар шуъбаи эҳё бистарӣ кардаанд.

Айни ҳол ҳолати бемор қаноатбахш буда, 5 вояи зардобаи зидди ботулизм гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол дар вилояти Суғд, аллакай, се ҳолати гирифторӣ ба ботулизм ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 9 нафар бо гумони заҳролудшавӣ бистарӣ гардидаанд. Ҳамчунин, 3 тан фавтидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.