Тоҷикистону Қирғизистон боз беш аз 47 км марзро мувофиқа кардаанд

Asia-Plus

Дар натиҷаи як вохӯрии дигари гурӯҳҳои корӣ оид ба муайян ва аломатгузории марз байни  Тоҷикистону Қирғизистон боз 47,05 километри марз байни ду кишвар мувофиқа шудааст. Дар ин бора Девонии вазирони Қирғизистон хабар медиҳад.

Манбаъ гуфтааст, ки ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад аз 8 то 14-уми декабр дар шаҳри Бодканди Қирғизистон баргузор шуд.

“Дар ин ҷаласа гурӯҳҳои корӣ дар бораи 47,05 километр марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд. Дар охири мулоқот протоколи дахлдор ба имзо расид”, – гуфта мешавад дар изҳороти ҷониби Қирғизистон.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, дар мулоқоти навбатӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон доир мегардад, корҳоро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.

Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва  демаркасияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Танҳо дар се моҳи охир ҳудуди 150 км марзи давлатии ду ҷониб мувофиқа карда шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи қаблӣ гурӯҳҳои корӣ дар мавриди 24 километр марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расида буданд.

Ду рӯз пеш аз ин, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.

Дар мулоқоти рӯзи 1-уми декабри соли равон Ятимов ва Тошиев изҳор дошта буданд, ки дар ду масъалаи асосӣ, истифодаи роҳи Ворух – Хоҷаи Аъло ва обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, ба созиши усулӣ расиданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки дар масъалаи истифодаи замин ва иншооти дар қаламрави якдигарқарордошта ба мувофиқа расиданд.

Дарозии умумии сарҳади ду кишвар тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.

Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...