Черевченко ҳоло аз “Истиқлол” рафтани худро тасдиқ накардааст

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сармурабии дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе Игор Черевченко алҳол дар бораи ин дастаро тарк карданаш хабар надодаааст.

Дар хадамоти матбуоти тими “Истиқлол” тасдиқ карданд, ки муҳлати қарордод бо Черевченко аллакай ба охир расидааст.

“Лекин дар бораи қарори дароз кардани муҳлати қарордод ё аз даста рафтанаш Черевченко ҳол чизе нагуфтааст. Имрӯз ӯ дар бозии охири чемпионат бо “Файзканд” дастаро роҳӣбарӣ мекунад ва пас аз вохӯрӣ метавонад дар бораи қарори худ хабар диҳад”, – гуфтанд дар хадамоти матбуоти даста.

Қаблан дар бораи эҳтимоли дастаро тарк кардани Червеченко ва ба роҳбарӣ гирифтани тими Русия нашрияи шабакавии Sport24-и Русия хабар дода буд.

“Чи тавре ки бо “Истиқлол” гапзанон карда будем, қарордод бо ин даста то зимистон буд. Раҳбарияти дастаро зиёд ҳурмат мекунам. Нақшаҳои минбаъда? Аввал: нахуст назди оилаам меравам. Дуюм: пешниҳодҳо ҳастанд ва натанҳо аз дастаи “Шинник”. Айни замон дар мавриди ин пешниҳодҳо фикр мекунам”, – овардааст гуфтаҳои мураббиро Sport24.

Игор Черевченко дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанберо моҳи январи соли 2023 ба муҳлати як сол ба роҳбарӣ гирифт. Он замон ӯ изҳор дошта буд:

“Дастаҳои Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иштирок мекунанд. Ин шавқовар аст! Чемпионати ҷаҳон нишон дод, ки футболи Осиё дар ҳоли пешравӣ қарор дорад. Бозӣ кардан дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё шавқовар аст.

Пас аз гуфтушунид бо раҳбарияти “Истиқлол” ман розигии худро додам. Ман дар Душанбе ба дунё омадаву ҳамин ҷо ба воя расидаам. Дар ин ҷо бозии футболро ба ман омӯхтанд. Аз ин рӯ, мехостам, ки қарзамро баргардонам”.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Игор Черевченко 21 августи соли 1974 дар Душанбе таваллуд шудааст. Дастпарвари бошгоҳи “Помир” аст. Падари ӯ – Геннадий Черевченко яке аз бозингарони калидии дастаи “Помир” буд.

Солҳои 1990-ум дар ҳайтаи мунтахаби Тоҷикистон низ бозӣ карда буд. Пас аз анҷоми бозии футбол дар дастаҳои “Локомотив”-и Маскав, “Арсенал”-и Тула ва “Химки”-и вилояти Маскав ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...