Бо фарорасии сардиҳо шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе зиёд мешавад?

Тавре ки аз маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ бармеояд, рӯзҳои наздик боз борону барф меборад. Дар ин рӯзҳо маъмулан кори нақлиёти ҷамъиятӣ душвортар мешавад. Дар «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин робита ҳоло зиёд кардани шумори нақлиёт дар назар нест, лекин ҷадвали кори он – вақти интизорӣ дар истгоҳҳо тағйир дода мешавад. “Агар нақлиёти ҷамъиятӣ […]

Тавре ки аз маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ бармеояд, рӯзҳои наздик боз борону барф меборад. Дар ин рӯзҳо маъмулан кори нақлиёти ҷамъиятӣ душвортар мешавад.

Дар «Душанбенақлиётхадамотрасон» ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки дар ин робита ҳоло зиёд кардани шумори нақлиёт дар назар нест, лекин ҷадвали кори он – вақти интизорӣ дар истгоҳҳо тағйир дода мешавад.

“Агар нақлиёти ҷамъиятӣ дар истгоҳҳо 5 дақиқа таваққуф мекард, пас дар вақти серҳаракатӣ (час пик) онҳо ҳамагӣ 3 дақиқа тавққуф мекунад. Мо шумори дақиқаҳои интизориро кам кардем”, – шарҳ доданд дар ширкат.

Тавре ки дар «Душанбенақлиётхадамотрасон» зикр карданд, ахиран бо сабаби афзоиши мусофирон дар пойтахт шумори нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр аввали соли хониш 20% зиёд карда шуда буд.

Лекин сокинон хоҳ-нохоҳ аз камбуди он дар хатсайрҳои муайян шикоят мекарданд. Ҳолатҳои танбашавӣ дар роҳҳо бошад, акнун натанҳо дар соатҳои серҳаракӣ ба вуҷуд меоянд.

Ба қитъаҳои алоҳида таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, масалан шумори автобусҳо дар хатсайри №18 ва троллейбусҳо дар хатсайрҳои №№10 ва 2 зиёд карда шуд.

Дар корхона ҳамчунин илова намуданд, ки барои назорати кори нақлиёти ҷамъиятӣ комиссияҳои махсус ташкил карда шудаанд.

Ба Душанбе нақлиёти ҷамъиятии ғунҷоишаш зиёд лозим аст

Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки мушкили норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамзамон ҳолатҳои танбашавии нақлиётро метавон тариқи танзим самаранок ҳаллу фасл кард.

Ба ақидаи мутахассиси қазоқ дар соҳаи сиёсати нақлиёт Елена Ерзакович, агар кӯчаҳои шоҳроҳҳо пур бошанду нақлиёт нарасад, шумори онро зиёд кардан ё дар хатсайрҳо гузоштани нақлиёти ғунҷоишаш зиёдтар лозим аст.

“Ё хатсайри автобусро ба хатсайри трамвай иваз кардан зарур аст, зеро трамвай миқдори хеле зиёдтари мусофиронро ғунҷонида метавонад”, – изҳор дошта буд номбурда ба “Азия-Плюс”.

Дар мо ҳоло мушкили микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-ро ҳал карда наметавонанд, дар бораи трамвай сухан гуфтан ҳоло барвақт аст. Замоне бо сабаби маҳз аз ҷониби маршруткаҳо ба вуҷуд овардани ҳолатҳои танбашавӣ равуои онҳоро қатъ карданӣ буданд. Лекин имрӯз ҳам онҳо дар шаҳр равуо доранд ва гоҳе натанҳо ба ҳолати танбашавии нақлиёт, балки ҳодисаҳои садамаи нақлиёт низ боис мегарданд. Лекин аҳолӣ аз хидматрасонии онҳо бештар истифода мебарад.

Ба ин тариқ, имрӯз дар пойтахт зиёда аз 85 ҳазор адад воситаи нақлиёт, аз ҷумла 623 автобус, 104 троллейбус, 1557 микроавтобус (маршрутка) ва 4350 таксӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳама камтар маҳз автобусу троллейбусҳоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.