Дар Русия пешниҳод карданд, ки мушкили норасоии таксиронҳо аз ҳисоби муҳоҷирон ҳал шавад

Asia-Plus

Шӯрои ҷамъиятии рушди таксӣ ба Шӯрои Федератсияи Русия дар бораи ба муҳлати ду сол ба муҳоҷирон иҷоза додани кор ба сифати ронандаи таксӣ пешниҳод ирсол намуд. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Чунин тадбир, ба гуфтаи Шӯрои рушди таксӣ, барои рафъи камбуди ронандагон, ки ба гуфтаи коршиносон, аз 500 ҳазор то 2,5 млн нафарро ташкил медиҳад, кумак мекунад.

«Мо пешниҳод менамоем, ки  ба муваққатан дар таксӣ фаъолият намудани муҳоҷирон зери назорати қатъӣ иҷоза дода шавад», – гуфтааст Ирина Зарипова, раиси Шӯро.

Ба гуфтаи ӯ, назорати муассир аз болои ронандагон метавонад тавассути "Страховая телематика" (Телематикаи суғуртавӣ) – дастгоҳи махсусе, ки ширкатҳои суғурта барои сабти параметрҳои ронандагӣ насб мекунанд, таъмин карда шавад.

Тавре ки дар Шӯро хабар додаанд, пешниҳоди иҷозаи ба сифати ронандаи таксӣ кор кардани муҳоҷирон ба муовини аввали раиси Кумитаи сиёсати иқтисодии Шӯрои Федератсия Алексей Синитсин фиристода шудааст.

Аввали моҳи декабр ӯ дар як мизи мудаввар бахшида ба мушкилоти таксӣ аз иштирокчиёни ин бозор даъват кард, ки оид ба такмили сиёсати давлатӣ дар бахши таксӣ тавсияҳо таҳия кунанд.

Дар Шӯрои Федератсия пешниҳоди мазкурро то ҳол шарҳ надодаанд.

Айни замон дар Русия ба шаҳрвандони Беларус, Қирғизистон ва дигар кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ мақоми махсус дорад, иҷоза дода мешавад, ки бо шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ҳамчун таксирон кор кунанд.

Ба шаҳрвандони боқимонда кишварҳо лозим аст, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро гиранд.

Дар моҳи ноябр муовини раиси Думаи давлатӣ Пётр Толстой пешниҳод карда буд, ки ба муҳоҷирон аз кишварҳое, ки дар онҳо забони русӣ мақоми давлатӣ надорад, кор дар бахши хидматрасонӣ манъ карда шавад. Аз ҷумла дар бораи кор ба сифати фурӯшанда ё боррасон (курйер) сухан мерафт.

Минтақаҳои Русия метавонанд мустақилона соҳаҳои иқтисодро, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ бо патенти корӣ фаъолият карда метавонанд, маҳдуд кунанд. Чунин маҳдудиятҳо, масалан, дар вилоятҳои Воронеж, Магадан ва Тюмень ва Ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск ҷорӣ карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...