Дар шаҳри Қунияи Туркия аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ёд карданд

Рӯзҳои 14-17-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Қунияи давлати Туркия бахшида ба солрӯзи даргузашти шоиру мутафаккири шинохтаи тофику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошаҳомати “Ҳафтаи Мавлоно” таҷлил гардид. Соли ҷорӣ аз даргузашти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 750 сол сипарӣ шуд. Бахшида ба ин сана, дар баробари чорабиниҳои гуногун, дар шаҳри Қуния, маконе, ки турбати шоиру мутафаккири […]

Рӯзҳои 14-17-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Қунияи давлати Туркия бахшида ба солрӯзи даргузашти шоиру мутафаккири шинохтаи тофику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошаҳомати “Ҳафтаи Мавлоно” таҷлил гардид. Соли ҷорӣ аз даргузашти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 750 сол сипарӣ шуд.

Бахшида ба ин сана, дар баробари чорабиниҳои гуногун, дар шаҳри Қуния, маконе, ки турбати шоиру мутафаккири шинохта хуфтааст, маросими “Шаби Арус” низ доир шуд, ки дар он расонаҳои дохиливу хориҷӣ иштирок карданд.

Аз ҷумла, чанде аз рӯзноманигорони Тоҷикистон бо даъвати Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия низ имкон пайдо карданд дар ин чорабиниҳо иштирок карда, шоҳиди таҷлили зодрӯзи ин мутафаккири бузург дар Туркия гарданд.

“Шаби Арус” фалсафаи даргузашти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст.  Ба андешаи ӯ, “Шаби Арус” лаҳзаи ба ҳам пайвастани ду қисм аст. Ин шаби арусӣ аст, ки ду нафари ҳамдигарро дӯстдошта, ба ҳам мерасанд. Мавлоно дидори худро пас аз марг бо Худованди мутаъол ба шаби арусӣ ташбеҳ мекунад. Бо ин роҳ Мавлоно ба наздиконаш васият мекунад, ки пас аз марги ӯ бисёр андӯҳ нахӯранд. Аз ин рӯ, шурӯъ аз соли 1952 ҳамасола 17-уми декабр, дар рӯзи даргузашти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Шаби Арус” таҷлил карда мешавад.

Маросим бо мусиқии ирфонӣ ва қироати порчаҳо аз осори Мавлоно аз асари безаволи ӯ – “Маснавӣ” оғоз шуд. Ҳамчунин, маросими рақси Само низ доир гардид, ки тамошобинонро мафтуни худ кард. Рӯзноманигорон инчунин мақбараи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро низ зиёрат карданд.

Бояд гуфт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бузургтарин шоири ирфонии тасаввуф, классики адабиёти ҷаҳонӣ буда, осори ӯ, бахусус асари бисёрҷилдаи ӯ “Маснавӣ” на танҳо як асари комили шоирона, балки як навъ донишномаи тасаввуф маҳсуб мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.