Гардиши COVID – Omicron XBB дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рад кард

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар пайи шикояти зиёди сокинон аз афзоиши бемории роҳҳои нафар, шубҳаи онҳо ба маҳви пурраи бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва эҳтимоли вуҷуди бемории навъи COVID – Omicron XBB, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ нашр карда, гуфт, ки “ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок”.

Ин ниҳод навишт, ки аз ҳар нафари бо нишонаҳои бемории шадиди роҳҳои нафас ба беморхона муроҷиаткарда ташхиси COVID-19 гирифта мешавад.

“Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест”, – менависад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ба навиштаи ин ниҳод, ҳамасола бо омадани мавсими сармо гирифторӣ ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар меафзояд ва ин як ҳолати маъмулист.

“Ба ин беморӣ ашхоси тамоми синну сол, алалхусус, кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)-и заиф доранд, гирифтор мешаванд”, – навиштааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Аз ин лиҳоз, ин ниҳод аз сокинони кишвар хостааст, ба “маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез” бовар накарда, ба тавсияи мутахассисони соҳа таваҷҷуҳ намоянд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳоле вуҷуди бемории коронавирус дар кишварро рад мекунад, ки тайи чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаррасонҳо хабари сабти навъи нави коронавируси COVID – Omicron XBB паҳн гардида, таъкид мешавад, ки “бинобар дар гардиш будани ин навъи вирус сокинон аз ҷойҳои серодам канорагирӣ кунанд, масофаи иҷтимоиро нигоҳ доранд, ниқоб пӯшанд ва дастони худр зуд-зуд шӯянд”.

Бояд гуфт, Тоҷикистон аз камтарин кишварҳоест, ки ҳанӯз оғози соли 2022 аз “маҳв”-и пурраи коронавирус дар кишвар хабар дода буд. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 18-уми феврали соли 2022 дар кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст.

Дар ин байн, чандин нафар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ташхиси мусбати бемории коронавирус иттилоъ доданд, аммо ҳеҷ ниҳод инро расман тасдиқ накард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...