Номи 6 зани тоҷик дар рӯйхати 40 бонуи пешвои Осиёи Марказӣ ворид шуд

Asia-Plus

Ҷунбиши миллии “Юксалиш”-и Ӯзбекистон якҷо бо Институти ташаббусҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ рӯйхати “Бонувони пешвои Осиёи Марказӣ”-ро тартиб додаанд, ки ба он номи 40 нафар бонувони шинохтаву таъсиргузори Осиёи Марказӣ ворид шудааст.

Аз ҷумла, дар ин рӯйхат номи 6 зани тоҷик, ки дар арсаи гуногун соҳиби мақому нуфуз гаштаанд, низ ворид гардидааст.

  • Азизмо Асадуллоева, ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон,
  • Дилрабо Мансурӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон,
  • Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон,
  • Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон,
  • Шоира Содиқова, раиси Раёсати "Бонки Арванд",
  • Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон.

Ташаббускорони ин иқдом ҳадафи аслии тартиб додани рӯйхатро муаррифии заноне номидааст, ки дар бахшҳои мухталифи ҳаёти минтақа, аз ҷумла дар сиёсат, тиҷорат, маориф, илм, санъат ва масоили ҷамъиятӣ таъсири назаррас доранд.

Ин рӯйхат дар асоси хулосаи коршиносон таҳия гардидааст, вале маълум нест, ки он коршиносон кистанд ва чӣ гана интихоб шудаанд.

Ба навиштаи сомонаи Ҷунбиши миллии “Юксалиш” дар марҳилаи аввал ҳангоми баҳодиҳӣ нукоти зерин ба назар гирифта шудааст:

– Мақоми ишғолкарда ва дараҷаи таъсир ба қабули қарорҳо (10 хол),

– Иқтибос ва эътироф (10 хол),

– Ташаббусҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ (5 хол).

Марҳилаи дуввуми овоздиҳӣ тариқи онлайн ҷараён гирифта, дар он беш аз 300 коршинос аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доштаанд. Дар байни иштирокчиёни овоздиҳӣ омбудсменҳо, роҳбарони марказҳои таҳлилӣ, вакилони порлумон, олимон, инчунин намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Осиёи Марказӣ намояндагӣ доранд, будаанд.

Ҳамин тавр, дар ин рӯйхат номи бонувони зерин зикр гардидааст:

1. Зироат Мирзиёева – ҳамсари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон,

2. Ойгул Жапарова – ҳамсари раиси ҷумҳури Қирғизистон,

3. Азизмо Асадуллоева – ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон,

4. Танзила Норбоева – раиси Сенати Маҷлиси олии Ӯзбекистон,

5. Дунягозел Гулманова – раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон,

6. Саида Мирзиёева – духтар ва ёрдамчии президенти Ӯзбекистон,

7. Олга Перепечина – муовини раиси Сенати Қазоқистон,

8. Ҷамила Исоева – муовини раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон,

9. Дилрабо Мансурӣ – муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон,

10. Дания Еспаева – муовини раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон,

11. Зӯҳро Иброҳимова – муовини раиси Маҷлиси намояндагони Ӯзбекистон,

12. Тамара Дуйсенова – муовини сарвазири Қазоқистон,

13. Зулайхо Махкамова – муовини сарвазири Ӯзбекистон,

14. Роза Отунбоева – Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Афғонистон, Қирғизистон,

15. Озода Раҳмон – роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон,

16. Зулфия Сулаймонова – мушовири президенти Қазоқистон,

17. Нуржан Шайлдабекова – раиси Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон,

18. Фирӯза Эшматова – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи Маҷлиси олии Ӯзбекистон,

19. Азҳар Гиният – вазири тандурустии Қазоқистон,

20. Аида Балаева – вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон,

21. Зулфия Давлатзода – вазири фарҳанги Тоҷикистон,

22. Гулнора-Клара Самат – сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистон дар Русия,

23. Мадина Абилқосимова – раиси Агентии танзим ва рушди бозори молиявии Қазоқистон,

24. Робахон Маҳмудова – муовини аввали раиси Суди олии Ӯзбекистон,

25. Умут Шаяхметова – раиси Раёсати “Halyk Bank”-и Қазоқистон,

26. Лаззат Иброҳимова – раиси Раёсати “Отбасы банк”-и Қазоқистон,

27. Шоира Содиқова – раиси Раёсати “Бонки Арванд”-и Тоҷикистон,

28. Кунсулу Закаря – президенти Академияи миллии илмҳои Қазоқистон,

29. Светлана Ортиқова – муовини додситони кулли Ӯзбекистон,

30. Меҳрӣ Башимова – муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон,

31. Гаяне Умарова – муовини мудири шӯъбаи дастгоҳи президенти Ӯзбекистон,

32. Севара Назархон – Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон,

33. Азиза Умарова – муовини раиси Агентии ислоҳоти стратегии назди Президенти Ӯзбекистон,

34. Гулбаҳор Маҳкамова – раиси Раёсати Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон,

35. Нозима Давлатова – раиси Шӯрои муассисони Фонди васоити ахбори оммаи Ӯзбекистон,

36. Наталя Никитенко – арбоби давлатӣ ва сиёсии Қирғизистон,

37. Роза Айтматова — ходими шоистаи ҷамъиятӣ ва маорифи Кирғизистон,

38. Элвира Сурабалдиева – вакили Жогорку Кенеши Қирғизистон,

39. Ирина Матвиенко – асосгузори лоиҳаи NeMolchi.uz дар Ӯзбекистон,

40. Динара Ошуракунова – коршинос ва фаъоли шаҳрвандии эътилофи “Барои демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ”-и Қирғизистон.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...