Ҳамос оташбаси пешниҳодкардаи Исроилро рад кард

Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони мисрӣ хабар медиҳад, ки ду рӯз пеш, рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми декабр Исмоил Ҳания, яке аз роҳбарони гуруҳи Ҳамос дар шаҳри Қоҳираи Миср бо намояндагони мақомоти ин кишвар мулоқот карда, оид ба оташбаси пешниҳодкардаи Исроил дар навори Ғазза гуфтугӯ кардааст. Аммо, манобеи нашрияи The Wall Street Journal […]

Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мансабдорони мисрӣ хабар медиҳад, ки ду рӯз пеш, рӯзи чаҳоршанбеи 20-уми декабр Исмоил Ҳания, яке аз роҳбарони гуруҳи Ҳамос дар шаҳри Қоҳираи Миср бо намояндагони мақомоти ин кишвар мулоқот карда, оид ба оташбаси пешниҳодкардаи Исроил дар навори Ғазза гуфтугӯ кардааст.

Аммо, манобеи нашрияи The Wall Street Journal гуфтаанд, ки мулоқот ва гуфтугӯ оид ба эълони оташбас бесамар анҷомидааст.

Ба иттилои манобеи The Wall Street Journal Исроил пешниҳод дорад, ки дар ивази озодии 40 гаравгон аз асорати Ҳамос омода аст, оташбаси 7-рӯза эълон кунад. Аммо намояндагони Ҳамос ин пешниҳодро напазируфта, талаб кардаанд, ки пеш аз оғози гуфтугӯҳо дар бораи созиши оташбас Исроил бояд ҳамла ба навори Ғаззаро қатъ ва артишашро аз онҷо берун барад.

Исроил дар навбати худ гуфтааст, ки “амалиёти ҷангиро дар навори Ғазза қатъ нахоҳад кард”. Бояд зикр кард, ки Исроил аллакай чандин маротиба ба даъвати қатъи даргирӣ аз ҷониби давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ посухи рад дода, ҳамеша таъкид кардааст, ки амалиётро идома хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, қабл аз ин Ҳамос ва Исроил ба оташбаси кӯтоҳмуддат даст ёфта буданд ва дар ҷараёни он беш аз 100 асири исроилиро раҳо кард ва бар ивази ин Исроил беш аз 200 нафар фаластинии зиндоризо озод намуд.

Даргирӣ дар Ховари Миёна 7-уми октябр, дар пайи ҳамлаи гуруҳи Ҳамос ба Исроил, ки бар асари он 1200 исроилӣ куштаву беш аз 200 нафар асир гирифта шуданд, оғоз гардид.

Баъди ин Исроил ба навори Ғазза ҳуҷум кард ва то имрӯз наздики 20 ҳазор фаластинӣ, ки аксари онҳо занону кӯдакон мебошанд, кушт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.