Дар Чехия як ҷавони мусаллаҳ 15 нафарро куштаву 24 нафари дигарро захмӣ кард

Як ҷавони мусаллаҳ дар бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия дар маркази Прага беш аз 15 нафарро кушта, 24 каси дигарро захмӣ кард. Худи ҳамлавар низ ҷон бохтааст, аммо ҳоло дақиқ нест, ки ӯ худкушӣ кардааст ё аз тири пулис кушта шудааст. Ба иттилои нашрияи чехии Novinky.cz рӯзи 21-уми декабр Дэвид Козаки 24-сола бо туфанг ба […]

Як ҷавони мусаллаҳ дар бахши фалсафаи Донишгоҳи Карли Чехия дар маркази Прага беш аз 15 нафарро кушта, 24 каси дигарро захмӣ кард. Худи ҳамлавар низ ҷон бохтааст, аммо ҳоло дақиқ нест, ки ӯ худкушӣ кардааст ё аз тири пулис кушта шудааст.

Ба иттилои нашрияи чехии Novinky.cz рӯзи 21-уми декабр Дэвид Козаки 24-сола бо туфанг ба донишгоҳ омада, ба сӯи мардум тир холӣ кардааст. Ӯ донишҷӯи ин донишгоҳ аз шаҳри Кладно, воқеъ дар 30-километрии Прага будааст.

Пулиси Чехия ин ҷавонро дар куштори падараш, ки чанд рӯз пеш аз тирпаронӣ мурда пайдо гардидааст, низ гумонбар медонад.

Вазири умури дохилии Чехия, Вит Ракусан, рӯзи 21-уми декабр дар суҳбат бо хабарнигорон ҳодисаро “фоҷиаи бузург” номида, аммо гуфтааст, “тирандозӣ бо терроризми байнулмилалӣ пайванд надорад”.

Раиси шаҳри Прага Боҳуслав Свобода гуфтааст, ки ҳамлавар ҳангоми сарозер шудан аз бино ҷон бохт, аммо расонаҳо аз қавли шоҳидон навиштаанд, ки ӯ аз тири пулис кушта шудааст.

Сабаби даст ба куштор задани ин ҷавон маълум нест.

Дар робита ба ин ин ҳодиса, рӯзи 23-юми декабр дар Чехия мотами миллӣ эълон шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.