Имсол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаи худро ба парлумон 28-уми декабр ироа мекунад. Одатан дар паёми худ раиси ҷумҳур самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро муайян карда, фаъолияти ҳукуматро дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва ҳадафҳоро барои соли минбаъда мушаххас менамояд. То куҷо дастуру супоришҳое, ки раиси ҷумҳур зимни ироаи паёми худ медиҳад, иҷро мегарданд?
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, иҷрои баъзе дастуру супоришҳои президентро, ки дар паёми соли 2022 дода буд, пайгирӣ кунад.
Афзоиши 20%-и маошу нафақа ва болоравии бесобиқаи нархҳо
Дар паёми соли гузашта президент супориш дод, ки маошу нафақа ва идрорпулӣ аз 20 то 25 дарсад боло бурда шавад.
Воқеан, аз 1-уми марти соли 2023 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва аз 1-уми июли соли 2023 маоши кормандони ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои донишҷӯён ва нафақаи заминавӣ 20 дарсад зиёд шуд.
Вале дар баробари ин, шаҳрвандон аз он шикоят доранд, ки соли равон нархи маҳсулоти истеъмолӣ нисбат ба маош ва дигар даромадҳо ба маротиб боло рафта, онҳоро водор кардааст, ки харҷи худро кам кунанд.
Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли 2023 сатҳи таваррум, муҳимтарин омили таъсиррасон ба нархгузорӣ, дар кишвар танҳо 3,4 дарсад афзудааст ва ин пасттарин сатҳи таваррум давоми 31 соли истиқлол аст.
Кӯмак ба камбизоатҳо дар Тоҷикистон. Оё кофия аст?
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки аз 1-уми июли соли равон то соли 2025 “бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ” маблағи кумакпулиро барои оилаҳои камбизоат ҳар сол зиёд кунанд.
Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандон муқарар гардид, ки аз оғози соли 2024 кӯмакҳои суроғавӣ 11,1% афзоиш ёфта, аз 612 сомонӣ (9 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ба 680 сомонӣ (10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) барои як сол, баробар мешавад.
Пардохтҳои иловагӣ барои ҳар як кӯдаки оилаи камбизоат аз 34 сомонӣ (нисфи нишондиҳанда барои ҳисобҳо) то 68 сомонӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) барои як сол, зиёд мешавад.
Барои соли 2024 як нишондиҳанда 72 сомонӣ муқаррар гардидааст. Ба ин тартиб, соли 2024 барои оилаи камбизоат 720 сомонӣ дар як сол ва барои кӯдаки чунин оилаҳо 72 сомонӣ дар як сол пардохта мешавад. Ин маблағ ҳар се моҳ пардохт мегардад.
Бо вуҷуди зиёдшавии ёриҳои давлат ба хонаводаҳои нодор, коршиносон ҳаҷми кӯмакҳоро ночиз медонанд ва мегӯянд, ки қисми хеле ками аҳолӣ аз ин кӯмакҳо бархӯрдоранд.
Раиси ҷумҳур дар паёми охири худ сатҳи камбизоатӣ дар кишварро 22,5 дарсад гуфта буд. Вале аз ин миқдор танҳо каме зиёдтар аз 222 ҳазор ё 2,2 дарсади аҳолӣ аз давлат кӯмаки иҷтимоӣ дарёфт мекунанд.
Баъди супориши президент. Вазъи ҳамоно бади Интернет
Суръату сифати нигаронкунандаи интернет аз нукоти дигаре буд, ки дар паёми гузашта зикр гардид. Президент ба Хадамоти алоқа дастур дод, ки барои беҳтар кардани сифату суръат ва арзон намудани интернет чора андешад ва қонун дар бораи алоқаи барқӣ дар таҳрири нав таҳия шавад.
“Сайёҳон ба куҷо мераванд? Ба он кишваре, ки суръати баланди интернет дорад”, – бо нигаронӣ гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Як моҳ баъд масъулини Хадамоти алоқа гуфтанд, аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимӣ таъсис дода, якҷо бо ширкатҳои мобилӣ нақшаи мушаххаси рушд таҳия кардааст.
Зимни нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти алоқа дар нимсолаи аввали соли 2023 зикр карда шуд, ки Бег Сабур, сардори ин ниҳод барои ошноӣ бо вазъи фарогирии интернет дар манотиқи баландкӯҳ ба Мурғоб рафтааст ва тибқи нақша дар ояндаи наздик бояд 450 пойгоҳ барои интернети 4G вориди Тоҷикистон шавад. Ваъда доданд, ки дар ояндаи наздик нархи интернет низ поин оварда мешавад.
Бо ҳамин, то охири соли равон масъулини Хадамоти алоқа хомӯш буданд ва шуруъ аз моҳи октябр хабарҳо дар бораи беҳтар кардани интернет зиёд шуд. Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрда, нигаронии худро аз нарху сифати интернет иброз дошт ва барои шинос шудан бо вазъи интернет ба минтақҳо рафт.
Ҳамчунин, баъди 8 сол ба ду ширкат – ҶСП “ТТ Мобайл” (МегаФон Тоҷикистон) ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (Tcell) то соли 2027 барои интиқоли интернет ба Тоҷикистон иҷозатнома дод. То ин замон танҳо “Тоҷиктелеком”, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа иҷозаи ворид ва фурӯши интернетро дошт.
Дар ин миён Қонуни ҶТ “Дар бораи алоқа" дар таҳрири нав қабул шуд.
Вале аҳолӣ ҳамоно аз сифати инетернет шикоят доранд. Дар радабандии “Speedtest Global Index” ҳам аз рӯи суръати интернети ноқилӣ ва мобилӣ, бо назардошти маълумоти моҳи август ва ноябри соли 2023, Тоҷикистон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 9.61 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.71 Мб/с. дар ҷойи 139-ум (байни 145 кишвари ҷаҳон) аст. Суръати интернети мобилӣ дар кишвар 9,35 Мбит/с будааст, ки дар як радиф бо Куба, Яман, Сурия ва Афғонистон қарор дорад.
Ба пардохтҳои ғайринақдӣ гузаштем. Мушкилро чӣ гуна бартараф кунем?
Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки аз 1-уми июли соли 2023 дар Тоҷикистон пардохти ҳама намуди пардохтҳои давлатӣ ва ҷаримаҳо ба шакли ғайринақдӣ амалӣ ва дар кишвар “Махзани ягонаи маълумот барои хизматрасонии рақамӣ” таъсис дод шавад.
Ҳамин тариқ, моҳи июни соли равон фармони президент оид ба вусъати пардохти ғайринақдӣ ба имзо расид ва тибқи он моҳи август (дар паём моҳи июл гуфта мешуд) ин раванд оғоз гардид.
Дар ин миён теъдоде аз сокинон, коршинсон ва баъзе мансабдорон гуфтанд, Тоҷикистон ҳоло барои гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ пурра омода нест.
Аз ҷумла, Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ноҳия барои гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нест ва сабаби он суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ аст.
“Дар Мастчоҳ 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ҳаст, ки суратҳисоб надоранд. Ба фикри шахсии ман муассисаҳо ва корхонаю идораҳои ноҳияи Мастчоҳ барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нестанд. Бахусус, дар вақти андозсупорӣ муаммоҳо мешавад. Зеро мардуми мо ба додани пули нақд одат кардаанд ва ба ин чиз омода нестанд”, – афзуда буд Аъзам Ализода”
Дар асоси фармони президент, дастгоҳи иҷроияи президент вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки то 31-уми декабри соли 2023 портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатиро фаъол намоянд. Аммо он амалӣ шуд ё не ҳоло номаълум аст.
Нигаронии аҳолӣ низ дар робита ба пардохтҳои ғайринақдӣ зиёд аст. Пешниҳоди рақами ҳамёнҳои шахсӣ дар бархе муассисаҳои давлатӣ, набудани рамзи ягона, қабул нашудани маблағ тавассути ҳамёнҳои бонкҳои дигар (танҳо тавассути “Амонатбонк”), надоштани суратҳисоби бонкӣ барои пардохти ғайринақдӣ, қабул нашудани расидҳои электронӣ аз сӯи бархе мақомоти давлатӣ аз мушкилҳоест, ки то ҳол аҳолӣ рӯбарӯ мешаванд.
Шояд барои рафъи ин мушкилҳо буд, ки чанде пеш барои қабули пули нақд дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла барои пешниҳоди рақами корт ё ҳамёни шахсӣ ҷарима таъйин шуд.
Нигаронӣ аз истеҳсоли равған ва ифтитоҳи як корхона
Нигаронии дигари Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузашта аз истеҳсоли ками равғани растанӣ дар кишвар буд, ки ҳамагӣ 20 дарсади бозори истеъмолии дохилиро таъмин мекунад.
Ӯ супориш дод, ки соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро бо иқтисодори истеҳсолии қаблӣ барқарор намоянд. Ба таъкиди вай, дар ин сурат талаботи аҳолии мамлакат ба равған беш аз 70 фоиз қонеъ мегардад.
Аз ҷумла, президент аз корхонаи равғанбарории Бохтар, ки замоне он ҷо кор кардааст, ёд карда, гуфт, ки ҳоло ин корхона “валангор” аст.
“Масъулин бояд фикр кунед, ҳадди ақал ба шарофати президент, ки фаъолияти меҳнатиашро аз ин ҷо оғоз кардааст, обод кунед. Он қадар хароҷоти зиёд надорад”, – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Баъди интиқоди президент, Карим Раҳмонов, директори ҶСП “Равғани сомониён”, корхонае, ки президент танқид кард, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки соли оянда (2023 дар назар аст, -муаллиф) технологияи нав ворид карда, иқтидори корхонаро афзоиш медиҳанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳам гуфта буд, ки ин корхонаро дар соли 2023 фаъол мекунад.
Тибқи иттилои ғайрирасмии дастрасгардида, ин корхона ҳоло фаъол аст, вале бо иқтидори пурра кор намекунад.
Масъулини вилояти Суғд ҳам ваъда доданд, ки корхонаи равғанбарории шаҳри Конибодомро барқарор хоҳанд кард, вале ҳоло фаъол нашудааст. Ҳукумати шаҳри Конибодом 1-уми ноябри соли ҷорӣ ҳамин қадар гуфт, ки намояндаи ширкати “Исмоили Сомонӣ” омодагии худро барои воридсозии таҷҳизоти муосири олмонӣ ва таҷдиди ин корхона иброз доштааст.
Як корхонаи равғанбарорие, ки бо ҳузури раиси ҷумҳур ифтитоҳ шуд, дар ноҳияи Синои пойтахт буд. Корхонаи равғанбарории ҶДММ “Файзи баракат” ба иттилои хадамоти матбуоти президент, “дар як шабонарӯз 70 тонна ва дар як моҳ 2100 тонна навъҳои гуногуни равғани босифат истеҳсол мекунад”.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон барои пурра бо маҳсулоти худӣ таъмин намудани аҳолӣ корхона ва ашёи хоми кофӣ надорад.
Нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодӣ то 8%
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки “пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд”.
Тибқи иттилои расмӣ, суръати рушди иқтисодӣ дар 9 моҳи соли равон (ин нишондод ҳар се моҳа ҳисоб карда мешавад, -муаллиф) 8,3 дарсадро ташкил дод. Одатан дар семоҳаи сеюм ин рақам зиёдтар мешавад, чунки маҳз дар ин давра захираҳои агросаноатӣ ҳисоб мешаванд.
Ин рақам дар тамоми соли гузашта 8 фоиз, дар соли 2021-ум 9,2 дарсад ва дар соли пандемияи 2020-ум 4,5 фоизро ташкил дод.
Мақомот афзоиш дар соли 2023-ро дар сатҳи баланди “ҷараёни мусбати рушди соҳаҳои асосӣ” маънидод мекунанд. Ба чунин соҳаҳо, дар навбати аввал, бахши кишоварзӣ ва саноатро нисбат медиҳанд, ки ҳиссаи умумии онҳо қариб нисфи ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки “бо мақсади афзоиш додани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла гаҷсанг корхонаи бузурги истеҳсоли масолеҳи сохтмон сохта, соли 2023 ба кор андохта шавад”.
Воқеан, 15-уми декабри соли равон президент дар ноҳияи Ёвон корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Моҳир инвест”-ро мавриди истифода қарор дод.
Ҳамин тавр, тавре таҳлили кӯтоҳ нишон медиҳад, на ҳама супоришҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузашта ироа карда буд, пурра иҷро шудааст. Дар ҳоле, ки мансабдорон ҳамеша аз “сармашқи кори худ” кардани паём ҳарф мезананд, вазъ бозгӯи воқеияти дигар аст.


