“Вақти пардохти андоз муаммо мешавад”. Раиси ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки ноҳия ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нест

Суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ сабаби аслии омода набудани ноҳияи Мастчоҳ ба роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ будааст. Аъзам Ализода,  раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дирӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ноҳияи зери роҳбариаш барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нест. Тибқи як фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз 1-уми […]

Asia-Plus

Суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ сабаби аслии омода набудани ноҳияи Мастчоҳ ба роҳандозии низоми пардохти ғайринақдӣ будааст.

Аъзам Ализода,  раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, дирӯз, 31-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ноҳияи зери роҳбариаш барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нест.

Тибқи як фармони Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аз 1-уми августи соли ҷорӣ бояд пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Аъзам Ализода гуфт, ки Мастчоҳ ноҳияи дурдаст буда, дар он ҷо суръати интернет суст аст ва инчунин, таҷҳизоти ширкатҳои мобилӣ низ кӯҳна шудаанд.

“Дар Мастчоҳ 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ҳаст, ки суратҳисоб  надоранд. Ба фикри  шахсии ман муассисаҳо ва корхонаю идораҳои ноҳияи Мастчоҳ  барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ  омода нестанд. Бахусус, дар вақти андозсупорӣ муаммоҳо мешавад. Зеро  мардуми мо ба додани пули нақд одат кардаанд ва ба ин чиз омода нестанд”, – афзуд Аъзам Ализода.

Раиси ноҳияи гуфт, ки барои комилан ҷорӣ кардани низоми пардохти ғайринақдӣ пеш аз ҳама бояд бонкҳо омода бошанд, миёни мардум корҳои тарғиботӣ гузаронанд.

“Пӯшида нест, ки касе соҳиби корти миллӣ шуд, баробари маошаш баромадан, назди банкомат меравад ва ҳамаи маблағро якбора мегирад. Яъне мардуми мо ҳоло ба ин чиз тайёр нест”, – гуфт Аъзам Ализода.

Дар баробари ин, ӯ таъкид намуд, ки фармони содиршударо ҷонибдорӣ мекунад ва барои амалиигардонии он корбарӣ менамояд.

Дар бораи тарзи пардохти ғайринақдии пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, навъҳои он ва таъсири суръати пасти интернет ба ин раванд метавонед аз матлаби “Поёни истифодаи пули нақд. Аз 1 август хидматрасониҳои давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ пардохт мешаванд” маълумоти бештар дастрас кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.