Бег Сабур номи ду ширкати нави воридкунандаи интернетро эълон кард

Asia-Plus

Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) 17-уми ноябр иҷозатномаи ворид намудани Интернетро расман тақдим намуд.

Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки ин ду ширкат рӯзҳои наздик ба ворид кардани интернет ба Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.

“Ин иқдом барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мегузорад”, – гуфта мешавад дар хабарномаи хадамот.

Хадамоти алоқа гуфтааст, ки ин иқдом ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд.

 

Инҳисори соҳа аз байн меравад?

Додани иҷозатнома ба ду ширкати хусусӣ барои ворид кардани интернет дар ҳолест, ки сар аз соли 2016 раванди инҳисори бозори алоқа дар Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсионӣ, ки дар базаи “Тоҷиктелеком” таъсис  дода шуд, оғоз гардид.

Соли 2018 ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ уҳдадор шуданд, ки интернетро аз Маркази ягонаи коммутатсионӣ (“Тоҷиктелеком”) харидорӣ кунанд ва танҳо ширкати “Тоҷиктелеком”, ниҳоди тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳақ пайдо кард, ки интернетро аз хориҷ харидорӣ ва ба онҳо фурӯшад.

Он замон ширкатҳои мобилӣ ва провайдерон ин тасмимро инҳисори воридоти интернет арзёбӣ карда, аз нархҳои баланди “Тоҷиктелеком” шикоят карда буданд. Онҳо ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Додситони кулли кишвар нома навишта буданд. 

Қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин яклухт ва мустақим интернетро бо нархи 10-20 ҳазор доллари ИМА барои  1 гигабит харидорӣ мекарданд.

Ҳоло Маркази ягонаи коммутатсионӣ бо такя ба сири тиҷоратӣ бо кадом нарх фурӯхтани интернетро ошкор намекунад. Вале соли 2019 ширкатҳои мобилӣ гуфта буданд, ки маҷбуранд, аз ин ширкат бо нархи 51 ҳазор доллар барои 1 гигабит бидуни андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) интернет харанд.

Коршиносон борҳо таъкид карданд, ки инҳисори бозори алоқа аз ҷониби ягона бозигар “Тоҷиктелеком”, ки тамоми манобеъи алтернативӣ (шлюзҳо ва суроғаҳои IP) бастааст, ба он оварда расонд, ки ширкат наметавонад интернети баландсифатро барои ҳама корбарон таъмин намояд.

“Агар Хадамоти алоқа ба дигар ширкатҳои хусусӣ ҳаққи хариду паҳн кардани интернетро иҷоза медод, он гоҳ як қисми бори гарон ба дӯши бозигарони нав меафтад ва рақобат сифатро беҳтар ва нархи интернетро поин мебурд”, – такрор мекунанд коршиносон давоми 8 соли охир.

Вале дар соли 2018 Музаффар Ҳимматов, директори генералии “Тоҷиктелеком” зери инҳисор қарор додани бозори алоқаро рад карда, гуфта буд, “ҳамаи ин корҳо дар доираи қонунгузорӣ сурат мегирад”.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ дар охири моҳи декабри соли гузашта аз нарху сифати интернет дар кишвар нигаронӣ карда, аз Хадамоти алоқа талаб кард, ки чораандешӣ кунанд. Баъдан Хадамот ситоди корӣ таъсис дод ва ваъда дод, ки дар мудати кӯтоҳ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ нарху сифати интернетро беҳтар мекунанд.

Зоҳиран, барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда Хадамоти алоқа бояд аз тасмими соли 2016-аш даст кашад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...