Мулоқоти навбатии гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар Ботканд

Рӯзҳои 11 то 17-уми ноябри соли 2023, тибқи тавофоқи қаблан ҳосилшуда, дар шаҳри Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Дар ин бора Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳҳои кории топографӣ зимни ин мулоқот масъалаи тавсифи […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 11 то 17-уми ноябри соли 2023, тибқи тавофоқи қаблан ҳосилшуда, дар шаҳри Ботканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор гардид. Дар ин бора Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳҳои кории топографӣ зимни ин мулоқот масъалаи тавсифи хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистонро дар қисматҳои боқимонда баррасӣ намуда, тасмим гирифтанд, ки ин кор дар ҷаласаи навбатӣ, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, идома диҳанд.

Зикр мегардад, ки дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст. Аммо оид ба муҳтавои протоколи имзошуда хабар дода намешавад.

Бояд гуфт, гурӯҳҳои кории ду кишвар тайи моҳҳои охир чанд маротиба мулоқот карда, қитъаҳоеро ҳам мушаххас кардааст.

Аз ҷумла, зимни мулоқоти 3-8-уми октябр 43,33 километр, 12-18-уми октябр 13,98 километр, 1-8-уми ноябр 17,98 километр қитъаи баҳсии сарҳад мушаххасу мувофиқа карда шуд.

Дар умум  75 километр сарҳад мушаххасу мувофиқа карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад ва то ин дам зиёда аз 600 километри он муайян шудааст. Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.