“Кофӣ нест!” Бег Сабур боз як ҷаласа ташкил карда, сифату арзиши интернету алоқаро баррасӣ кардааст

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтар кардани сифат ва нархи интернетро нокифоя хонда, аз масъулин талаб кардааст, ки онро боз ҳам ҷоннок намоянд. Дар ин бора сомонаи расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, ҷаласаи сардори ин хадамот, рӯзи 10-уми ноябр бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, […]

Asia-Plus

Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон корҳо дар самти беҳтар кардани сифат ва нархи интернетро нокифоя хонда, аз масъулин талаб кардааст, ки онро боз ҳам ҷоннок намоянд. Дар ин бора сомонаи расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин ниҳод мегӯяд, ҷаласаи сардори ин хадамот, рӯзи 10-уми ноябр бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ, бонкҳо ва намояндагони ширкати “Барқи тоҷик” баргузор шудааст.

Мақсади ҷаласа иҷрои супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва нархи  интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар ва вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошад.

Ба иттилои Хадамоти алоқа, дар ҷаласа дастуроти вохӯриҳои гузаштаи Бег Сабур дар самти беҳтар кардани нарху сифати интернет, бартараф намудани монеаҳои мавсимии алоқа дар фасли сармо низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ин ниҳод гуфтааст, ки “ҷараёни рафъи камбудиҳои дар соҳа ҷойдошта суръати бештар гирифтааст, махсусан дар самти насби таҷҳизоти нави мавҷрасон дар минтақаҳое, ки мавҷи алоқа ва дастрасӣ ба интернет дар онҳо заиф аст, ба таври таъхирнопазир идома дорад”.

Вале Бег Сабур гуфтааст, ин ҳама кофӣ набуда, боз ҳам бештар намудани тадбирҳои амалӣ дар авлавияти фаъолияти масъулин қарор дорад.

Ӯ афзудааст, ки талаботи ҷомеа ба соҳаи алоқа тадриҷан афзуда, рушди тамоми соҳаҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастрасии қулай ба интернет вобаста гардидааст.

“Аз ин хотир, масъулини соҳаи алоқаро мебояд, ҳамеша дар пайи такмили механизми алоқаи мобилӣ ва интернет дар тамоми манотиқи кишвар бошанд”, – зикр кардааст Бег Сабур.

Дар охир, масъулини Хадмаоти алоқа ва намояндагони ширкатҳои мобиливу ва провайдерҳои интернетӣ ба мувофиқа расидаанд, ки “бо мақсади зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани дастрасии комил ба алоқаи мобилӣ ва интернет дар саҳти ҷумҳурӣ дастгирии ҳамдигарро суръат мебахшанд”.

Бег Сабур ваъда додааст, ки Хадамот алоқа ҳамчун танзимгари соҳа барои камтар намудани харҷи операторони мобилӣ дар мондернизатсияи соҳаи алоқа мусоидат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки тайи як моҳи охир ин ҳаддиақал сеюмин вохӯрии Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ барои беҳтар кардани нарх ва сифати интернет дар кишвар аст. Қабалан ӯ супориш дода буд, ки минтақаҳои беинтернетро дар кишвар маълум карда, барои таъмиин он бо интернет чораҷӯӣ намоянд.

Пас аз як ҳафтаи ин мулоқот Бег Сабур аз ниҳодҳои қудратии кишвар хост, иҷрои дастурҳои президентро назорат кунанд. 

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи охири худ аз нарху сифати интернет дар кишвар танқид карда, аз масъулин талаб карда буд, ки онро беҳтар кунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.