Ду заминларза дар як шабонарӯз Тоҷикистонро такон дод

Дар Тоҷикистон давоми 8 соати охир ду заминларза ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Хадамоти геофизика Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, соати 00:54 дақиқаи рӯзи 13-уми ноябр дар 215 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар 15 километрии шимолу шарқи Тоҷикобод заминларза […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон давоми 8 соати охир ду заминларза ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо такя ба Хадамоти геофизика Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, соати 00:54 дақиқаи рӯзи 13-уми ноябр дар 215 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар 15 километрии шимолу шарқи Тоҷикобод заминларза ба қайд гирифта шудааст.

Дар маркази заминларза қувваи зилзила 4 дараҷа ва дар ноҳияи Тоҷикобод 3 дараҷаро ташкил додааст.

Инчунин, соати 8:34 дақиқаи имрӯз дар 20 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар ҳудуи ноҳияи Варзоб заминларзаи шиддаташ 4,6 дараҷа ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ менависад, ки манбаи заминларза дар умқи 10 километр будааст.

Дар пайи ин заминларзаҳо талафоти ҷониву молӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Нашрияи “Овози Самарқанд” иттилоъ медиҳад, ки шиддати заминларзаи дуввум дар баъзе минтақаҳои Ӯзбекистон ҳам эҳсос гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар чанд муддати охир дар Осиёи Марказӣ зиёд заминларза ба қайд гирифта мешавад.

Ахиран дар як заминларҳа дар шаҳри Ҳироти Афғонистон 8 деҳа қариб пурра хароб гардида, садҳо қурбонӣ ба ҷой гузошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.