Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахташ шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ ҷонибдорӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки 11-уми ноябр дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба қазияи Фаластин баргузор шуд, бо нигаронӣ аз вазъти баамаломада, ба таври қотеъ ва сареъ эълон кард, ки аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад. […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ, ки 11-уми ноябр дар шаҳри Ар-Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба қазияи Фаластин баргузор шуд, бо нигаронӣ аз вазъти баамаломада, ба таври қотеъ ва сареъ эълон кард, ки аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад.

Ӯ гуфт, Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомии  минтақаи мазкурро, ки боиси кушта шудани ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва дар ин миён занону кӯдакон, ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди мардум ва хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим дар он гардидааст, шадидан маҳкум мекунад.

“Ҳолати имрӯза бори дигар он ҳақиқатро собит месозад, ки қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад”, – таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ягона роҳи ҳалли қазияи баамаломадаро дар гуфтушунид ва иҷрои қарорҳои Созмони миллали муттаҳид номида, Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд.

“Мову шумо медонем, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 29 ноябри соли 1947 дар бораи дар сарзамини Фаластин таъсис додани ду давлати мустақил  қатънома (№181) қабул карда буд. Аммо то имрӯз орзуву омоли мардуми Фаластин дар мавриди таъсис додани давлати худ  амалӣ нагардидааст”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии Навори Ғазза низ изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, ҳоло зиёда аз ду миллион аҳолӣ дар навори Ғазза дар шароити муҳосираи комил аз камбуди озуқаворӣ, барқ, доруворӣ ва дигар маводи ниёзи аввалӣ азият мекашанд.

“Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои қатъиро интизоранд, то ба фоҷиа ва ранҷу азияташон хотима бахшида шавад”, – иброз дошт Президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон бо нигаронӣ аз адами иқдомоти ҷиддиву таъсирбахши ҷонибҳои дахлдор ва манфиатдор ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, зикр кард, ки ҷонибҳои алоҳида мавқеи духӯра ва хомӯширо ихтиёр карда, фалокати башариеро, ки имрӯзҳо дар навори Ғазза идома дорад, нодида мегиранд.

Ӯ аз Созмони ҳамкории исломӣ даъват кард, ки ҷиҳати хотимаи ҳарчи зудтари муноқишаву  даргириҳо дар ин минтақа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дигари байналмилалӣ ва ҷонибҳои манфиатдор иқдом намояд, аз ҷумла барои ироаи кӯмад ба Фаластин.

Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳимояи тартиботи байналмилалиро дар робита бо Фаластин таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Бояд гуфт, ки Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ бо ташаббуси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ даъват гардид ва дар он даҳҳо роҳбару намояндагони кишварҳои арабию исломӣ иштирок карданд. Ҳамаи онҳо даргириҳо дар Ховари Миёнаро маҳкум карданд.

Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) як созмони байниҳукуматӣ аст, ки 57 кишвари узвро дар бар гирифта, дар чаҳор қитъа паҳн шудааст. Ин созмон садои дастаҷамъии ҷаҳони ислом ва кафолати ҳимоя ва пуштибонӣ аз манофеи ҷаҳони ислом дар рӯҳияи мусоидат ба сулҳу ваҳдати байналмилалӣ дар миёни мардуми мухталифи ҷаҳон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.