Барои риоя накардани талаботи пардохти ғайринақдӣ то 1360 сомонӣ ҷарима таъин шуд

Барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ аз 680 то 1360 сомонӣ ё аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли ҷорӣ 68 ва барои соли 2024 72 сомонӣ муқаррар шудааст) ҷарима пешбинӣ шуд. Дар ин бора Карим Гулмурод, муовини […]

Asia-Plus

Барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ аз 680 то 1360 сомонӣ ё аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли ҷорӣ 68 ва барои соли 2024 72 сомонӣ муқаррар шудааст) ҷарима пешбинӣ шуд. Дар ин бора Карим Гулмурод, муовини вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи охири парлумон, зимни муаррифии тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, хабар дод.

“Садои мардум” – нашрияи парлумони Тоҷикистон аз қавли Карим Гулмурод навиштааст, акнун барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст.

Ӯ гуфтааст, ин банди қонунгузорӣ ба кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ дахл дорад, ки аз аҳолӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ маблағ қабул мекунанд.

Дар асоси тағйиру иловаҳо барои истифодаи кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии шахсӣ барои пардохт аз ҷониби масъули давлатӣ низ ҷазо аз 680 то 1360 сомонӣ (аз 10 то 20 нишондиҳанда) таъин шудааст. Яъне, вақте ба шаҳрванд барои пардохт на рақами корт ё ҳамёни муқаррарнамудаи давлат, балқи рақами корт ё ҳамёни шахсӣ пешниҳод мегардад, ҷарима пешбинӣ шудааст.  

Муовини вазири молия гуфтааст, таъини ҷазо барои риоя накардани муқаррароти пардохти ғайринақдӣ ба таъмини риояи талаботи фармони президент дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, ки дар асоси он шуруъ аз 1-уми августи соли равон маблағи андозҳо, боҷҳои давлатӣ ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ ғайринақдӣ пардохт мешавад, таъсири мусбат мерасонад.

Мансур Усмонзода, вакили парлумон бо тарафдорӣ аз тағйиру иловаҳо гуфтааст, ки “мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, кам намудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот, инчунин содагардонии раванди пардохтҳои давлатӣ аст”.

Дар ҳамин ҷаласа, ҳамчунин ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Карим Гулмурод зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар назди вакилон гуфтаст, ки дар асоси тағйиру иловаҳо “дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳали содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад”.

Баҳриддин Зиёӣ, вакили дигари парлумон дар шарҳи лоиҳаи кодекс гуфтааст, минбаъ ронандаҳое, ки бархе қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намекунанд (моддаҳои 324, 333 қисми 2, 340 қисми 1 ва 295 иловаи 1) бе тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маблағи ҷаримаро ба таври ғайринақдӣ дар маҳали содиршавии кирдор пардохт менамоянд. Протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ворид мешавад.

Қаблан, ҳангоми вайрон кардани қоидаи роҳ аз ҷониби ронанда, нисбати ӯ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуҷҷати ронандагиаш гирифта мешуд ва ҳаҷми ҷаримаро суд муайян карда, он дар бонк пардохт мегардид.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон аз 1 август қабули пули нақд барои хидматрасониҳои давлатӣ қатъ шуда, ҳадаф аз ин тасмим таъмини шаффофият ва бароҳату қулай анҷом додани амалиёти молиявӣ унвон шуд.

Бо ин вуҷуд, сокинони кишвар зимни пардохтҳои ғайринақдӣ ба мушкилиҳо рӯбарӯ мешаванд ва нигаронӣ мекунанд, ки ҳоло вазорату идораҳои давлатӣ барои гузаштан ба ин намуди пардохт омода нестанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.