Эмомалӣ Раҳмон гуфт, бо мурури замон нархи истифодаи барқ боло меравад

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 28-уми декабр зимни ироаи паёми солонааш ба парлумони Тоҷикистон ба қимматшавии нархи истифодаи барқ ишора карда гуфт, ки “мо хоҳем – нахоҳем, нархи барқ сол ба сол баланд мешавад ва маблағе ки имрӯз аз ин ҳисоб ҷамъоварӣ мешавад, ба маоши худи кормандони системаи барқӣ намерасад”.

Ӯ зикр кард, ки аз ҳисоби патс будани нархи истифодаи барқ ширкати "Барқи тоҷик" “бонкрот” шуда истодааст ва савол гузошт, ки “”Роғун”-ро аз кадом ҳисоб бунёд мекунем?”

“Дар дунё аз ҳама арзонтарин қувваи барқ дар Тоҷикистон аст. Даромади худи қувваи барқ, ки мо ҷамъ мекунем, ба маоши худи кормандони системаи барқӣ намерасад. Бо мурури замон хоҳем-нахоҳем мо нархи қувваи барқро баланд хоҳем кард", – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ин изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар соли 2024 нархи истифодаи барқ дар кишвар барои ҳамаи категорияи истифодабарандагон 16 дарсад- аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло мераванд.

Президент ҳамчунин дар бораи ҷудо кардани ҳудуди 9 миллиард сомонӣ барои таҷдид ва таъмири иншооти энергетикӣ ҳарф зад.

Вай афзуд, агар ин  маблағ ҷудо намешуд, имрӯз мо комилан бе барқ   мемондем.

“Талафи нерӯи барқи мо ҳудуди 4 миллиард киловаттро ташкил медиҳад. Агар мо аз он талафшавӣ пешгирӣ кунем, он гоҳ нерӯи барқ   ба ҳама чӣ мерасад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Дар НБО "Роғун" коргар намерасад

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз норасоии коргар дар НБО "Роғун" нигроанӣ кард ва гуфт, чархани сеюми соли 2025 ба истифода дода мешавад.

Ба иттилои номбурда ҳоло 15 ҳазор мутахассисон ва коргарон фаъолият намуда, 3,5 ҳазор техника кор мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома ба коҳиши 19% содироти маҳсулоти саноатӣ ҳарф зад.

Ба гуфтаи ӯ, агар дар соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 22,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ содир кардааст, дар соли равон 18,5 миллиард сомонӣ содир шудааст.

Бунёди 75 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марз бо Афғонистон

Ба иттилои роҳбари давлат, соҳибкорони тҷоик дар як сол дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон 75 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ сохтанд. Эмомалӣ Раҳмон аз кори соҳибкорон дар кишвар тавсиф карда гуфт, “мо аз гарданкаҷию муҳтоҷӣ” барои сохтани дидбонгоҳ дар сарҳад бо Афғонистон берун шудем.

"Ҷойи махфӣ нест, мо давоми 20 сол шуд ба тамоми ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ва кишварҳои мутамаддин муроҷиат кардем, доир ба камарбанди амниятӣ дар сарҳад бо Афғонистон. Баъзан каму беш кӯмакҳое карданд, вале вақте муроҷиат ба соҳибкорон кардам, дар як сол 75 иншооти сарҳадӣ аз он ҷумла дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ба дараҷаи олӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бунёд карда шуд. Дигар мо аз гарданкаҷию муҳтоҷӣ ва талбандагӣ берун шудем. Чигуна офарин намегӯем?""

Раисҷумҳур соли дар паёми соли гузашта ҳам аз соҳибкорон тавсиф карда, гуфта буд, ки ки аз сӯи соҳибкорон сохтмони 52 дидбонкоҳ идома дорад. Ӯ таъкид кард, ки касе онҳоро маҷбур накардааст ва онҳо аз пеши худ ин корро анҷом доданд.

Қаблан гуфта мешуд, ки Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳои сарҳадиро бо Афғонистон беш аз 100 дад раоснидааст.

Нигаронии президент аз дур мондани духтарон аз таҳсил

Яке аз нуктаҳои дигари паёми президент ин нигаронӣ аз дур мондани духтарон аз таҳсил ва аз синфи 9-ум аз мактаб баровардани онҳо мебошад. Ӯ ин шеваҳоро танқид кард ва гуфт, "падарону модарони азиз, агар духтарон олим нашаванд ҳам, дар оянда бо дониши худ ризқашонро меёбанд, ба ризқи онҳо зомин нашавед".

Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханрониаш гуфт,сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 21,2 дарсад паст шудааст.  Он соли 2022 ба 22,5 дарсад баробар буд. Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабр зимни ироаи паём ба порлумон гуфт, давлат талош мекунад дар ҳафт соли оянда сатҳи камбизоатиро то 10 дарсад паст кунад.

Ӯ афзуд, меъёри камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 1999 то 21 дарсад дар соли 2023 паст карда шуд.

“Ин кори осон нест. 62 фоиз кам шуд. Мардум калонсол хуб дар ёд дорем дар кадом шароит мо зиндагӣ доштем,”-гуфт президент.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...