Ҷавонзане, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот дода шуд

Як сокини пойтахт зани 21-соларо, ки бо қасди худкушӣ худро аз ошиёнаи 7 овезон карда буд, наҷот додааст. Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса дирӯз, 27-уми декабр, дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур рух додааст.  Гуфта мешавад, ки ҷавондухтари 21-сола, ки аз тирезаи ошиёнаи 7-ум қасди худкушӣ дошт, аз ҷониби Мавлюда Ризоева, сокини бинои […]

Asia-Plus

Як сокини пойтахт зани 21-соларо, ки бо қасди худкушӣ худро аз ошиёнаи 7 овезон карда буд, наҷот додааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ҳодиса дирӯз, 27-уми декабр, дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур рух додааст. 

Гуфта мешавад, ки ҷавондухтари 21-сола, ки аз тирезаи ошиёнаи 7-ум қасди худкушӣ дошт, аз ҷониби Мавлюда Ризоева, сокини бинои мазкур наҷот дода шудааст. 

"Дар натиҷаи пешбурди як қатор коркардҳои оперативию тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷавондухтари мазкур тарзи ҳаёти носолимро пеша намуда, бо волидайн ва собиқ шавҳараш нофаҳмиҳо доштааст", – менависад РВКД.

Аз ҷумла, санаи 27-уми декабр, дар натиҷаи нофаҳмиҳо бо собиқ шавҳараш Ғафурзода Қиёмиддин Саиди 21-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, номбурдаро ба суроғаи кӯчаи С.Айнӣ, ки дар он ҷо ба ҳайси усто фаъолият мекард, бурда, мавриди азобу уқубат қарор додааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур маводҳои лозима тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.