Дар арафаи Соли нав дар Тоҷикистон ҳаво чӣ гуна мешавад?

Тоҷикистон соли 2024-ро бе барфу борон пешвоз мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон. Тибқи маълумоти ҳавошиносон, аз 29-уми декабр дар пайи ворид шудани ҳавои сард ба қаламрави ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои водию доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво тадриҷан паст шуда, суръати шамол то 15-20 м/с зиёд мешавад. Ҳамчунин, рӯзҳои 29-30 декабр дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон соли 2024-ро бе барфу борон пешвоз мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, аз 29-уми декабр дар пайи ворид шудани ҳавои сард ба қаламрави ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои водию доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво тадриҷан паст шуда, суръати шамол то 15-20 м/с зиёд мешавад.

Ҳамчунин, рӯзҳои 29-30 декабр дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе афзоиши чангу ғубор ва олудашавии ҳаво дар назар аст.

Рӯзи 31-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои нимаабрӣ мешавад. Ҳаво рӯзона то 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво нимаабрист ва бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар водиҳо 12-17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои нимаабрӣ ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои нимаабрӣ ва бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо рӯзона то 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Аз 1-уми январи соли 2024 дар ин минтақа, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар бориши борон ва барф дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 31-уми декабр мисли дигар ҷойҳо ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби ВМКБ рӯзона 2-7 дараҷа гарм, дар шарқ 1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.