Тоқаев гуфт, сарқонунро тағйир намедиҳад ва номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ намекунад

Asia-Plus

Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон зимни як мусоҳиба ба хабарнигори “Egemen Qazaqstan” гуфт, ки сарқонуни кишварашро тағйир намедиҳад ва номзадиашро ба интихоботи президентии соли 2026 пешбарӣ намекунад.

Матни пурраи мусоҳибаи Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар сомонаи “Egemen Qazaqstan” бо забони қазоқӣ нашр шудааст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

“Тибқи конститутсияи феълии Қазоқистон, президент метавонад барои як давраи ҳафтсола интихоб шавад, ки салоҳияташ пас аз он ба итмом мерасад”, – гуфтааст Қосим-Ҷомарт Тоқаев.

Тоқаев овозаҳо дар бораи нақшаи баргузории ҳамапурсӣ оид ба тағирот ба Конститутсияро рад карда, таъкид намудааст, ки қоидае, ки бар асоси он президент танҳо як маротиба интихоб мешавад, “дигар ҳеҷ гоҳ тағир нахоҳад ёфт”.

Ӯ гуфтааст, дар бораи идеяи як давраи ҳафтсолаи президентӣ 15 сол пеш дар муҳокимаҳои пӯшида сухан карда буд, аммо баъдан ин пешниҳод “дастгирии бештар пайдо накард”.

“Пас аз интихоб шуданам ба мақоми президентӣ дар соли 2019 кишвари мо ба самти демократисозии низоми сиёсӣ, таъмини озодии ҳаёти ҷамъиятӣ ва озод кардани иқтисод аз инҳисор қадам гузошт”, – афзудааст Тоқаев.

Ҳамчунин, дар ин мусоҳиба Қосим-Ҷомарт Тоқаев омилҳои аслии ҳаводиси моҳи январи соли 2022-ро шарҳ додааст.

Ба андешаи Тоқаев, “масоили чандинсолаи ҳалношудаи иҷтимоиву иқтисодӣ ва карахтии умумӣ” боиси ҳодисаҳои январии соли 2022 шудаанд.

Тоқаев гуфтааст тасмими “демократисозии низоми сиёсӣ, озодсозии ҳаёти ҷамъиятӣ, аз инҳисор баровардани иқтисодиёт”, ки ӯ пеш гирифт, ба афроди бонуфуз хуш наомадааст.

“Гуруҳи афроди баландмақом дар мақомоти қудратӣ ва олами ҷиноӣ нуфузи зиёд доштанд ва ба ҳамин хотир талош карданд, ки қудратро бо роҳи хушунат ба даст гиранд. Дар талоши табаддулоти давлатӣ тундгароён, олами ҷиноӣ, тундгароёни динӣ якҷоя иштирок карданд”, – гуфтааст Тоқаев.

Ибтидои моҳи январи соли 2022 эътирозҳо нахуст дар вилояти Мангистауи Қазоқистон зидди болоравии қимати газ ташкил шуданд. Рӯзҳои баъдӣ сокинони шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари Қазоқистон ба эътирозҳо пайвастанд ва дар бархе ҷойҳо эътироз ба хушунат табдил шуд. Мақомоти Қазоқистон он ҳодисаҳоро ҳамлаи террористон ва талоши табаддулоти давлатӣ унвон карданд.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки сӯи эътирозгарон тир кушоянд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 238 кас кушта шудааст. Ҳазорон каси дигар боздошт шуд, ки қисме аз онҳо бо айби “иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ”, содир кардани “амали террористӣ” зиндонӣ шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...