Оғози олимпиада барои хонандагони мактаб дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе олимпиада аз рӯи 13 фанни таълимӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ аз чор ноҳияи пойтахт 5 ҳазору 769 довталаб – 3 ҳазору 783 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва […]

Дар шаҳри Душанбе олимпиада аз рӯи 13 фанни таълимӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардид. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар даври шаҳрии олимпиадаи фаннӣ аз чор ноҳияи пойтахт 5 ҳазору 769 довталаб – 3 ҳазору 783 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва 1 986 нафар аз фанҳои табиӣ-риёзӣ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ки олимпиада тибқи Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм тасдиқ гардидааст, баргузор шуда, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Ҳадафи баргузории олимпиада баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва рушди зеҳнии хонандагони болаёқат аст.

Олимпиада рӯзи 2-юми январи соли 2024 дар пойтахт оғоз гардида, то 6-уми январ  идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.