Ҳушдор ба муҳоҷирони кории тоҷик. ВКД-и Русияро дар бораи коратон огоҳ кунед!

Asia-Plus

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирони кории тоҷикро огоҳ кардааст, ки дар робита ба фаъолияти худ Вазорати корҳои дохилии Русияро огоҳ кунанд. Дар сурати хабар надодан патент ё иҷозаи кори онҳо беогоҳӣ бекор карда шуда, эҳтимол аст аз Русия ихроҷ шаванд.

Дар асоси фармони нави Вазорати корҳои дохилии Русия шурӯъ аз 7-уми январи соли равон “шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ патент гирифтаанд, вазифадоранд дар давоми ду моҳ аз рӯзи додани патент ба мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Русия огоҳинома пешниҳод намоянд”.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бори дигар аз уҳдадории нави муҳоҷирон ёдоварӣ шуда, гуфтааст, ки онҳо метавонанд, ки огоҳиномаро ба шуъбаҳои ВКД, ки аз он ҷо патент гирифтанд, ба таври хаттӣ ва ё тавассути портали “Госуслуги” пешниҳод кунанд.

Ба иттилои ин ниҳод, “ба огоҳинома нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи ҳуқуқии гражданӣ барои иҷрои корҳои (хизматрасонӣ) байни корфармо, фармоишгари корҳо ва шаҳрванди хориҷӣ замима карда мешавад ё дар огоҳинома маълумот дар бораи шартномаи ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ барои иҷрои корҳо дар сурати бастани он дар шакли шифоҳӣ хабар дода мешавад”.

Дар сурати пешниҳод накардани огоҳинома ва нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо корфармо патенти муҳоҷирон бе огоҳӣ бекор карда шуда, мӯҳлати будубоши онҳо дар Рӯсия кам карда мешавад. Паненти навро танҳо пас аз як сол аз рӯзи бекор гардидани он гирифтан мумкин аст.

Ҳамчунин, корфармо ҳам барои иҷозат додан ба кори ғайриқонунӣ ҷарима мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори нави ВКД Русия муҳоҷирон ду моҳ пас аз гирифтани патент бояд ниҳодеро, ки дар онҷо ин ҳуҷҷатро гирифтанд, дар бораи фаъолияташон огоҳ кунанд.

Шакли огоҳинома дар сомонаи расмӣ ҷойгир карда шудааст. Онро бояд зеркашӣ ва пур кард. Саволҳои огоҳинома оид ба ному насаб, маълумоти шиноснома, инчунин маълумот дар бораи корфармо ва фаъолияти корӣ мебошад.

Чунин огоҳинома метавонад дар шакли коғазӣ пешниҳод шавад ва ё онлайн – тавассути “Госуслуги” ирсол шавад.

Ин имкон медиҳад, ки кори муҳоҷирони ғайриқонунӣ доимӣ назорат карда шаванд. Муҳоҷиронро зарур аст, ки мавҷудияти шартномаи меҳнатиро тасдиқ ва дар бораи корфармои худ маълумот пешниҳод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...