Як додраси тоҷик дар пайи садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд

Аҳмадҷон Абдуллозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар пайи як садами нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” хабар медиҳад. Ба навиштаи манбаъ, додрас рӯзи 20-уми декабри соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон садама кардааст. Ҳодиса тахминан соати 18:00 дақиқа рух дода, пас аз 40 дақиқаи […]

Аҳмадҷон Абдуллозода, додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар пайи як садами нақлиётӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора сомонаи ҳафтаномаи “Фараж” хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, додрас рӯзи 20-уми декабри соли 2023 дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон садама кардааст. Ҳодиса тахминан соати 18:00 дақиқа рух дода, пас аз 40 дақиқаи рух додани садама ӯ ба беморхона расонида шудааст.

Муҳаммад Бердиев, муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин нашрия гуфтааст, Аҳмадҷон Абдуллозода осеби ҷиддӣ бардошта буд.

“Маҷрӯҳро аввал ба беморхонаи шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон бурда, баъдан ба Беморхонаи марказии ноҳияи мо интиқол доданд. Вазъи саломатии Абдуллозода бениҳоят бад буд. Ҳангоми садама сутунмӯрааш аз қисмати гардан шикаста буд”, – гуфтааст Бердиев.

Муовини сардухтур афзудааст, ки марҳум то лаҳзаи охирин зери таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ қарор дошт ва шаби гузашта, 4-уми январ, ба ҳалокат расид.

Ба иттилои “Фараж”, ҳини садама ҳамроҳ бо марҳум Абдуллозода, котиби Додгоҳи ноҳияи Панҷ Шералӣ Имоммирзоев ҳузур доштааст. Муовини сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст, ки вазъи саломатии котиби додгоҳ хуб арзёбӣ мешуд ва пас аз муоина ӯро аз беморхона рухсат доданд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ менависад, барои фаҳмидани ҷузъиёти садама бо котиб Имоммирзоев ба тамос баромада натавонистаанд: “Ӯ ба зангҳои мо ҷавоб надод”.

“Замони садамаи нақлиётӣ котиби Додгоҳ Шералӣ Имоммирзоев пушти чамбарак ва додрас Аҳмадҷон Абдуллозода дар нишастгоҳи қафои худрав қарор доштаанд. Мошини онҳо, пас аз зарбаи сахт аз пушт, мувозинатро гум карда, чанд маротиба ба монеаҳои тарафи чапу рости роҳ бархӯрдааст. Маҷрӯҳонро ҳам гӯё ронандаи иштирокчии садама ба беморхона расонидааст”, – бо такя ба манобеи дигар навиштааст “Фараж”.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ соли 2018 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон додраси Додгоҳи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таъйин карда шудааст.

Қаблан Абдуллозода Аҳмадҷон Баҳрӣ додраси Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе будааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.