Дар Ӯзбекистон баъди маъюб шудани кӯдакон аз доруи “Док-1 Макс” парванда боз кардаанд

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, дар натиҷаи истеъмоли доруи “Док-1 Макс” 18 кӯдак дар он кишвар маъюб шуда, шумори кӯдакони фавтида ба 69 расидааст. Ба рӯйхати айбдоршавандаҳо ду нафари дигарро шомил кардаанд. Ба ин тартиб, шумори айбдоршаванда ба 23 расидааст. Рӯзи 5-уми январ дар додгоҳе дар шаҳри Тошканд баррасии парвандаи мазкур идома кардааст. Додгоҳи олии Ӯзбекистон 1-уми […]

centralasian.org

Мақомоти Ӯзбекистон мегӯянд, дар натиҷаи истеъмоли доруи “Док-1 Макс” 18 кӯдак дар он кишвар маъюб шуда, шумори кӯдакони фавтида ба 69 расидааст. Ба рӯйхати айбдоршавандаҳо ду нафари дигарро шомил кардаанд. Ба ин тартиб, шумори айбдоршаванда ба 23 расидааст.

Рӯзи 5-уми январ дар додгоҳе дар шаҳри Тошканд баррасии парвандаи мазкур идома кардааст.

Додгоҳи олии Ӯзбекистон 1-уми декабри соли 2023 иттилоъ дода буд, ки баъзе аз маводи парванда “барои бозбинии хулосаи айбдоркунӣ, анҷом додани тафтиши иловагӣ ва ба ҳайати гумонбарон шомил кардани шахсони дигар” бозпас фиристода шудаанд.

Баррасии парвандаи доруи “Док-1 Макс”, ки дасти кам 69 кӯдак баъди истеъмоли он ҷон бохт, 11-уми августи соли 2023 шурӯъ гашт. Дар курсии айбдорӣ 23 кас, аз ҷумла сардори пешини Оҷонси рушди соҳаи дорусии Ӯзбекистон ва мудири ширкати “Quramax Medikal” нишастаанд.

Дар Ӯзбекистон моҳи декабри соли 2022 ҷамъан 69 кӯдак аз истеъмоли шарбати “Док-1 Макс”, ки аз сӯи ширкати “Marion Biotech” истеҳсол мешуд, ҷон доданд. Баъди ин фурӯши доруи мазкур дар Ӯзбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд.

Хадамоти амнияти Ӯзбекистон дар робита ба марги кӯдакон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.