Аз ташкили рӯзҳои фарҳангӣ то ба $500 млн расонидани гардиши мол. Рустами Эмомалӣ бо Иброҳим Раисӣ мулоқот кард

Asia-Plus

Дирӯз, 8-уми январ, дар доираи сафари расмии худ ба Эрон Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сайид Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури ин кишвар мулоқот кард. Дар ин бора сомонаи МММО хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар оғози суҳбат Рустами Эмомалӣ паёми гарму самимонаи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистонро ба Иброҳим Раисӣ расонидааст.

Ҳамчунин, зимни мулоқот масоили муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентӣ баррасӣ гардидааст.

Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

“Бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, инчунин ба ҳадди то 500 миллион доллар расонидани ин нишондиҳанда, зимни гуфтушунид ба густариши ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноатҳои мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд”, – зикр мегардад дар хабар.

Таъкид гардидааст, ки бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти олӣ, пажӯҳиш ва фанноварӣ, табодули таҷриба миёни мутахассисони соҳаи тандурустӣ, равобити мустақими муассисаҳои тиббии илмии ду кишвар ва идомаи анъанаҳои ташкили рӯзҳои фарҳангӣ салоҳи кор аст.

Ҳамчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилаливу байниминтақавӣ, аз ҷумла дар атрофи вазъи Афғонистон ва Фаластин мубодилаи афкор кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ дирӯз, 8-уми январ бо сафари расмӣ вориди Теҳрон шуд. Ӯ пеш аз раиси ҷумҳури Эрон бо Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ мулоқот карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...