Хавфи зиёди тармафароиҳо дар роҳи Душанбе – Хуҷанд. Эҳтиёт бошед!

Шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, вазъият хусусан дар километрҳои аз 48 то 74-уми шоҳроҳ ниҳоят хавфнок пешгӯӣ мешавад. Як рӯз пеш дар ин қитъа 4 ҳодисаи тармафароӣ сабт шуда, ба муваққатан маҳдуд кардани ҳаракати налиёт, […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, вазъият хусусан дар километрҳои аз 48 то 74-уми шоҳроҳ ниҳоят хавфнок пешгӯӣ мешавад.

Як рӯз пеш дар ин қитъа 4 ҳодисаи тармафароӣ сабт шуда, ба муваққатан маҳдуд кардани ҳаракати налиёт, асосан мошинҳои боркаш боис гардид.

“Ба воситаи техникаи махсус оқибатҳои тармафароӣ фавран бартараф гардида, айни замон роҳ барои ҳаракати тамоми навъи воситаҳои нақлиёт кушода аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигаҳдорӣ ва хидматрасонӣ ба иншооти ин роҳ аст.

Дар ширкат зикр карданд, ки кормандони филиали IRS ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи мазкур ҳамаҷониба тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.

Аммо обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки эҳтиёту ҳушёр мебояд буд, зеро рӯзҳои наздик дар шоҳроҳи Душанбе – Чанак хавфи зиёди тармафароиҳо дар назар аст.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то охири ҳафта дар қаламрави кишвар боришот дар назар набуда, ҳаво барои моҳи январ ғайриодӣ гарм мешавад.

Танҳо дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ рӯзи шанбе, 13 январ борон борида, сипас ба барф мубаддал мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.