Хавфи зиёди тармафароиҳо дар роҳи Душанбе – Хуҷанд. Эҳтиёт бошед!

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, вазъият хусусан дар километрҳои аз 48 то 74-уми шоҳроҳ ниҳоят хавфнок пешгӯӣ мешавад.

Як рӯз пеш дар ин қитъа 4 ҳодисаи тармафароӣ сабт шуда, ба муваққатан маҳдуд кардани ҳаракати налиёт, асосан мошинҳои боркаш боис гардид.

“Ба воситаи техникаи махсус оқибатҳои тармафароӣ фавран бартараф гардида, айни замон роҳ барои ҳаракати тамоми навъи воситаҳои нақлиёт кушода аст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS, ки масъули дар ҳолати коршоям нигаҳдорӣ ва хидматрасонӣ ба иншооти ин роҳ аст.

Дар ширкат зикр карданд, ки кормандони филиали IRS ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳи мазкур ҳамаҷониба тадбирҳо рӯйи даст мегиранд.

Аммо обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки эҳтиёту ҳушёр мебояд буд, зеро рӯзҳои наздик дар шоҳроҳи Душанбе – Чанак хавфи зиёди тармафароиҳо дар назар аст.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то охири ҳафта дар қаламрави кишвар боришот дар назар набуда, ҳаво барои моҳи январ ғайриодӣ гарм мешавад.

Танҳо дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ рӯзи шанбе, 13 январ борон борида, сипас ба барф мубаддал мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...